Дар ҷараёни ошӯбҳо дар Қазоқистон 216 сарбози Гвардияи миллӣ ҷароҳат бардошта, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд, хабар дод маркази матбуоти ин ниҳод.
“Ба ҳолати имрӯза ҳамаи онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла, захми тир, ҷароҳатҳои кушодаи сар, шикастани устухонҳо ва ҷароҳатҳои дигар дар бемористонҳои шаҳр қарор доранд”, — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ки дар онҷо ошӯбҳо рух доданд, ҷалб карда шуданд. Субҳи ҷумъа хадамоти матбуотӣ дар бораи фавти ду нафар дар Қизилорда ва Талдиқӯрғон маълумот дод.
Ҳамчунин, панҷ нафари дигар дар ҳолати вазнин дар бахши эҳёгарӣ қарор доранд.
Ба ғайр аз ин, ба иттилоъи манбаъ, дар ҷараёни ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 50 техникаи низомӣ осеб дида, барқарор кардани 8 адади онҳо ғайриимкон аст.
Гуфта мешавад, ба ҳолати имрӯза тамоми иншоот ва инфрасохтори муҳими шаҳр таҳти назорати неруҳои Гвардияи миллӣ қарор гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти пулис аз дастгир шудани беш аз 70 ҷангҷӯ ва 30 ғоратгар дар Алмаато, ки ба биноҳои маъмурӣ ҳамла карданд, хабар додаанд.