INSTC равобити Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро тақвият медиҳад

Shared to Facebook

Дар чанд соли охир болоравии мақоми АвруОсиё, ҳамчун як нерӯи калидӣ, ҳам дар геоиқтисод ва ҳам дар гестратегия на танҳо геополитикаи ҷаҳонро тағйир дод, балки аҳамияти таҳкими робитаҳои минтақаиро низ таъкид кард. Даҳлези (коридори) байналмилалии нақлиётии шимолу ҷануб (INSTC), ки моҳи сентябри соли 2000 аз ҷониби се кишвари муассис – Русия, Эрон ва Ҳиндустон тарҳрезӣ шуда буд, як лоиҳаи нақлиётии бисёрмодулии иборат аз масирҳои баҳрӣ, роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард аст, ки масофаи тақрибан 7200 километрро дар бар мегирад.

Ин ба Ҳиндустон, Эрон ва Русия роҳи кӯтоҳтари тиҷоратро ҳамчун варианти тамдиди долони форсӣ ва як варианти алтернативии тиҷорат ва нақлиёт фароҳам хоҳад кард. Лоиҳа дар соли 2002 пас аз тасвиб аз ҷониби муассисон эътибор пайдо кард. Аз он вақт инҷониб 11 кишвари дигар ба лоиҳа ҳамроҳ шуданд. Аз ҷумла, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Булғористон (мақоми нозир), Қазоқистон, Қирғизистон, Уммон, Сурия, Тоҷикистон, Туркия ва Украина.

Пешбинӣ шудааст, ки INSTC вақти транзитро 40% коҳиш дода, онро аз 45-60 рӯз то 25-30 рӯз коҳиш медиҳад. Ғайр аз ин, арзиши боркашониро назар ба маршруте, ки аз канали Суэтс мегузарад, 30 фоиз кам мекунад. Дар моҳи декабри соли 2016 Ҳиндустон розӣ шуд, ки INSTC аз Мумбай то Бандар Аббос ва Бандари Анзалӣ дар Эрон фаъолият кунад; аз баҳри Каспий гузашта, ба Астрахан ва баъд ба Москваю Петербург расид. Дар моҳи июли соли 2022 бори аввал аз бандари Астрахан тавассути INSTC ба бандари Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар Мумбай бомуваффақият расид.

Соли 2023 марҳалаи таърихӣ дар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Русия ва Ҳиндустон гардид. Ба шарофати саҳми назарраси INSTC, Русия бори аввал ба яке аз се шарикони тиҷоратии Ҳиндустон табдил ёфт, гуфт Дмитрий Мурев, директори генералии RZD Logistics, як ширкати пешбари логистикии Русия, ки фаъолияти INSTC-ро назорат мекунад.

Дар давоми соли молиявии 2022-2023 содирот аз Русия ба Ҳиндустон 4,7 маротиба афзоиш ёфт, ки Мурев фаъол шудани INSTC-ро омили калидӣ меномад.

INSTC, ки аз ҷониби Русия дастгирӣ мешавад, як лоиҳаи бисёрмодулии нақлиётӣ мебошад, ки эҷоди робитаҳои бефосила байни Русия ва кишварҳои Осиё ва эҳтимолан тавсеа ба минтақаҳои қутбӣ ҳамчун як қисми шабакаи ягонаи тиҷоратӣ ва нақлиётиро дар назар дорад. Бархе аз соҳибназарон INSTC-ро муодили ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин медонанд, ки хоҳони дастрасӣ ба Халиҷи Форсро дорад.

INSTC бартариҳои назаррас пешниҳод мекунад, махсусан коҳиши назарраси хароҷоти нақлиёт ва вақти транзитӣ байни Русия ва Ҳиндустон. Бартарии дигари назаррас ин қобилияти рушди тиҷорат тавассути Русия, Осиёи Ҷанубӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо гузашти минтақаи мураккаби Афғонистону Покистон мебошад.

Як ҷузъи калидии ин долон пайванди роҳи оҳани Эрон аст, ки бандари Чобаҳорро бо Зоҳидон — маркази вилояти Сиистону Балуҷистон мепайвандад. Ин иртибот дар равобити Осиёи Марказӣ бо Эрон дар чаҳорчӯби INSTC нақши ҳалкунанда дорад. Алӣ Боқири Канӣ, муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон, бар аҳамияти пешрафти бандари Чобаҳор дар мусоидат ба анҷоми БАРҶОМ таъкид кард.

Стратегияи Ҳиндустон барои густариши ҳамкорӣ бо Русия Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин минтақаи васеътари Авруосиё — Эронро дар меҳвари он қарор медиҳад. Нишонаҳое вуҷуд доранд, ки Русия, Эрон ва Озарбойҷон барои мусоидат ба фаъолияти муассири INSTC як созишномаи сеҷониба мебанданд. Истифодаи ин долон муомилоти мол байни Ҳинду Русияро ба маротиб афзоиш додааст. Ҳиндустон дар рушди бандари Чобаҳор мавқеи муҳим дорад ва Русия ба сармоягузорӣ ба ин бандари стратегӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардааст.

Натиҷаи интизории ин талошҳо 60 дарсад коҳиш додани хароҷоти нақлиёт ва 50 дарсад коҳиш додани вақти интиқол байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар ин масир мебошад.

Сарфи назар аз пешрафти тадриҷии лоиҳаи INSTC, аҳамияти он хеле афзуд. Ин махсусан дар пасманзари пандемияи COVID-19 равшан аст, ки зарурати фаврии эҷоди занҷирҳои алтернативии таъминотро барои коҳиш додани вобастагӣ аз Чин таъкид мекунад. Илова бар ин, нигарониҳо дар бораи муҳосираи эҳтимолии баҳрӣ дар минтақае, ки бо нуқтаҳои гуногуни геополитикӣ қайд шудаанд, ба монанди афзоиши ташаннуҷ, ки ба “талаботи нав” дар гулӯгоҳи Тайван оварда мерасонад, зарурати таҳқиқ ва сармоягузорӣ ба роҳҳои алтернативӣ муҳим шуморида мешавад.

Интизор меравад, ки то соли 2030 INSTC ҳаҷми боркашонии солонаи тақрибан аз 14,6 то 24,7 миллион тоннаро анҷом диҳад. Ин беш аз 70 дарсади интиқоли умумии контейнерҳоро ташкил медиҳад, ки АвруОсиё, минтақаи Халиҷи Форс ва Осиёи Ҷанубиро мепайвандад.

Илова бар ин, як гузориши озмоишие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон дар соли 2014 гузаронида шудааст, нишон дод, ки INSTC дар муқоиса бо масири анъанавии канали Суэтс як варианти нисбатан камхарҷ (30 фоиз арзон) ва транзити тезтар (суръат дучанд) пешниҳод мекунад.

Аз ҳамин дидгоҳ INSTC барои Ҳиндустон аҳамияти муҳими стратегӣ дорад, зеро он як роҳи бидуни масири Покистонро пешниҳод мекунад.

(Аз рӯи маводи интернет омода шуд)

Н. Шоҳинбодов

Н. Хваранино