Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Шавкат Мирзиёев

Shared to Facebook

Имрӯз, 4 ноябр, дар доираи сафари расмӣ дар Узбекистон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардидааст.

Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот дуруди самимии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев расонидааст.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар баррасӣ шудаанд.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.

Аз сатҳи баланди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Дар ин раванд, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо ва таҳкими муколамаи байнипарламентӣ таваҷҷуҳ дода, аҳаммияти таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, ва ҳамоҳангсозии фаъолияти парламентҳои ҳар ду кишварро таъкид намудаанд.

Дар бахши иқтисодӣ масъалаҳои густариши гардиши савдои дуҷониба, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ гардидааст.

Ҳамчунин, рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус, дар соҳаи маориф муҳим шуморида шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории фаъоли ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ низ баррасӣ шудааст.