Дар Қазоқистон Саммити минтақавии экологӣ баргузор мегардад

Shared to Facebook Shared to Max

Аз 22 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Астана бори аввал Саммити минтақавии экологӣ (СМЭ-2026) баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад — https://www.gov.kz

Ин чорабинӣ ба минбари байналмилалӣ барои муколамаи роҳбарони давлатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва доираҳои соҳибкорӣ оид ба масъалаҳои экология, иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ табдил меёбад. Ҳадафи асосии Саммит таҳияи қарорҳои муштараки амалӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти калидии экологии минтақа мебошад.

Интизор меравад, ки дар Саммит тақрибан 1500 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ва Шарқи Наздик иштирок намоянд. Дар доираи Саммит баррасии масъалаҳои мубрами экологӣ ва расидан ба созишномаҳои байнидавлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Фаъолияти СМЭ-2026 ба ҳашт самти калидӣ равона карда мешавад, аз ҷумла: мутобиқшавӣ ва устувории иқтисодӣ ба хатарҳои табиӣ, амнияти озуқаворӣ, идоракунии устувори захираҳои табиӣ, мубориза бо ифлосшавии ҳавои атмосфера ва партовҳо, механизмҳои расидан ба ҳадафҳои экологӣ, гузариши одилона ва фарогир, рушди салоҳиятҳои экологӣ ва рақамӣ, инчунин дастгирии гузариши иқлимӣ.

Натиҷаи Саммит қабули Эъломияи муштараки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Иқдоми баргузории Саммити минтақавии экологӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар соли 2023 пешниҳод гардида буд.

Шарикони байналмилалии Саммит: Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECР), Агентии байналмилалии энергетика (IEA), IRENA, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (ЕБРР), IWMI ва барномаи SWITCH-Asia.

https://www.gov.kz