Соҳибкорон ва хайрхоҳони исфарагӣ ба оилаҳое, ки дар натиҷаи ҳамлаи ғосибонаи неруҳои қирғиз зарар дидаанд, маводи ғизоӣ кумак кардаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуотии вилояти Суғд, ҳамзамон вакилон, соҳибкорон ва роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо ба ҷамоати Чоркуҳи Исфара ба аёдати оилаҳое рафтанд, ки аъзои оилаи онҳо дар пайи тирандозӣ ва ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни қирғиз кушта шуданд.
Ба маълумоти мақомоти шаҳри Исфара, ба 8 оилаи сокинони кушташуда ва 16 оилаи маҷрӯҳон кумаки ғизоӣ расонида шуд.
Дар баробари ин, бахшида ба моҳи шарифи Рамазон 10 оилаи дигар, ки маъюбон дар онҳо зиндагӣ мекунанд, маҳсулоти хӯрокворӣ — орд, равған, биринҷ ва шакар дода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 28-29 апрел дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ва кушиши ғасби “Головной” аз ҷониби неруҳои қирғиз теъдоди зиёди шаҳрвандони осоишта ва марзбонони тоҷик кушта шуданд. Бино ба маълумотҳо, ҳудуди сад сокини осоишта ҷароҳат бардошта, беш аз 50 манзил тахриб ва сӯзонида шудаанд.
Ахиран ҳукумати шаҳри Исфара теъдоди дақиқи манзилҳои харобшуда дар натиҷаи ин ҳамларо эълон кард. Хабаргузории “Спутник” бо такя ба маълумоти иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод, ки дар маҷмъ, дар натиҷаи ин ҳамла 55 манзили сокинони наздимарзӣ пурра ва ё қисман хароб гардидааст.
Ин омор дар пайи таҳқиқи комиссияи махсус аз ҷониби ҳукумати шаҳр тартиб дода шудааст:
“Аз теъдоди умумӣ 17 манзили истиқоматӣ пурра хароб ва 38 хонаи дигар ба таъмир ниёз дорад”,- гуфтааст ӯ.
Тибқи омори пешниҳодкардаи ҳукумати шаҳри Исфара, 15 хона ба Ҷамоати деҳоти Ворух, 6-то ба Ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5-то ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад, 29 хона пурра хароб ва ё қисман зарар дидаанд.
Ба гуфтаи масъулин, рӯзҳои 28 то 29 апрел неруҳои қирғиз тавассути техникаи вазнини ҷангӣ, аз ҷумла, артиллерия ба чанд деҳаи наздимарзии Тоҷикистон зарба задаанд.
Субҳи 29 апрел расонаҳои қирғизӣ аз сафарбар шудани ду чархболи низомӣ аз пойгоҳи “Кант” ба Ботканд хабар доданд, ки бо ҳадафи иштирок дар ин ҳамла фиристода шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки ахиран мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ситоди корӣ ташкил гардида, манзилҳои сокинони деҳоти наздимарзӣ, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи неруҳои қирғиз хароб шуданд, дар муддати як моҳ барқарор карда мешаванд.