Масъулини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара теъдоди қурбониёну захмиён ва осебдидагони даргириҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро маълум кардаанд.
Бино ба санаде, ки аз ин ҷамоат дар ихтиёри “Sputnik Тоҷикистон” гузоштаанд, теъдоди қурбониён аз ҷумлаи сокинони ин ҷамоат 8 нафар буда, санаи таваллуди онҳо низ маълум шудааст.
Бино ба ин рӯйхат, Ҳикматулло Маҳкамов (2 январи соли 1994), Иброҳимхон Ҳошимзода (11 апрели соли 1995), Манучеҳр Қаландаров (20 марти 1981), Собир Ваҳҳобов (16 июни соли 1970), Ҳакимбой Ниёзов (28 феврали соли 1982), Ҳасанхон Шаропов (18 ноябри соли 1989), Далер Эшонов (20 октябри соли 1987) ва Нусратулло Набиев (2 марти соли 2001) он сокинони ин ҷамоатанд, ки дар даргириҳои 29 апрел дар қаламрави Чоркӯҳ ба шаҳодат расидаанд.
Бино ба ин манбаъ, захмӣ шудани 17 нафари дигар, ки бо тамоми мушаххасот – шурӯъ аз санаи таваллуд то аз кадом қисмати бадан захм бардоштанашон зикр шудааст, низ мустанад шудааст.
“Захмиён бештар аз сару рӯй, рону дигар узви бадан захм бардошта, бистарӣ ва сиҳату ба по шудаанд.
Ҷавонтарини онҳо соли 1990, бузургтаринашон дар соли 1957 таваллуд шудааст ва ҳамагӣ аз 2 то 4 фарзанд доштаанд.
Аз ҳама бештар – 8 нафар сокини Сомониён захмӣ шудаанд”, — омадааст дар гузориш.
Ҳамзамон онҳое, ки аз ҷумлаи сокинони ҷамоати Ворух зарари моддӣ дидаанд, низ маълум карда шудаанд. Онҳо 34 нафар буда ва бино ба санад, 22 тани онҳо аз ду то 5 дар хона ва оғилу қоҳдону дигар сохтмонҳояшонро аз даст додаанд.
Дар миёни онҳо 15 хона аз маҳаллаи Сомониён, 9 хона дар деҳаи Хоҷа Аъло, 4 хона дар маҳаллаи Ваҳдат ва бақия дар дигар мавозеъ будаанд. Аз миёни онҳо 3 хона аз сӯи норинҷакандоз (ракетандоз) ҳадафмандона тахриб шуда, 5 хонаи дигарро дуздон ғорат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз ҳисобу китоб нашудааст, ки зарари ҷисмонии воридшуда ба хоҷагии халқи ҷамоати Чоркӯҳ чӣ қадар хоҳад буд.