Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон парвандаи як мансабдори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро ба суд фиристодааст.
Бино ба хабари Маркази матбуоти Агентӣ, Одинаев Парвиз Додарбегович, ки дар вазифаи нозири калони нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият мекард, ба қаллобӣ тавассути “тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ” айбдор дониста мешавад:
“Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст”, — омадааст дар хабар.
Бо ин мақсад Одинаев П.Д. бо шаҳрванд “Б” вохӯрда, аз ӯ маблағи 1500 сомонӣ гирифта ва боз оварда додани боқимонда маблағи мазкурро талаб намудааст. Ба иттилоъи манбаъ, номбурда зимни як амалиёти махсуси кормандони Агентӣ баъди аз шаҳрванд “Б” гирифтани маблағи 3500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.
Нисбат ба Одинаев П.Д. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.