Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон миқдори зиёди дорувориро, ки тавассути қочоқ вориди ҷумҳурӣ шудааст, аз муомилот боздоштааст.
Бино ба хабари Маркази матбуоти Агентӣ, қочоқкунандаи дору шаҳрванд Яқубов Бахтовар қаблан низ бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, вале “аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, дидаю дониста бо мақсади ба даст овардани фоида, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона зад”.
“Номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи “Toyota Fielder”, рақами қайди давлатиаш 1776 RX 01, тариқи қочоқ 34 номгӯи маводи дорувориро, ки мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад, ба шаҳри Душанбе интиқол додааст”, — омадааст дар хабар.
Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши маводи дорувории мазкур маблағи 162799 сомонӣ, яъне миқдори калонро ташкил медиҳад, ки бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Яқубов Б.В. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.