Боз тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон: ду марзбони қирғиз захмӣ шуданд

Shared to Facebook

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки баъд аз зуҳри имрӯз дар марз бо Қирғизистон тирпарронӣ рух дод.

Ба иттилоъи манбаъ, соати  14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд:

«Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд», — омаадааст дар иттилоияи маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардидаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.