Ба мурғдуздӣ муттаҳам карду ба худкушӣ расонид

Shared to Facebook

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Азимов С.С.-ро бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” ва 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди шаҳри Ҳисор баррасӣ кард.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Азимов С.С. тахминан моҳи апрели соли 2020 шаҳрвандон Тоҳиров С.А., Наврузи Т., Қодиров А.М. ва Юсупов С.Д.-ро барои дуздии мурғ муттаҳам намуда, шаъну эътибори онҳоро мунтазам паст зада, ҷиҳати хабар додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан аз онҳо маблағи пулӣ талаб намуда, ба корҳои хоҷагидориаш ҷалб намудааст.

Ҳамин тавр, Азимов С.С. аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2020 мунтазам ноболиғ Тоҳиров С.А.-ро барои дуздии мурғ мутаҳам дониста, шаъну эътибори ӯро дар назди рафиқонаш паст зада, аз Тоҳиров С.А. маблағи пулӣ талаб кардааст, ки дар мавриди маблағ надодан ба кормандони милитсия хабар мерасонад.

Ба ин қонеъ нашуда, Қодиров А.М.-ро ду маротиба ба манзили истиқоматии волидони Тоҳиров С.А. ба назди модараш Сидиқова Б. барои маблағи 1.500 сомонӣ равон кардааст.

Минбаъд ноболиғ Тоҳиров С.А. ба таҳдид ва мунтазам паст задани шаъну эътибораш аз ҷониби Азимов С.С. тоқат накарда, аз бадном гардидан дар назди аҳли оила ва ҳамдеҳагонаш дигар роҳи халосӣ наёфта, 14 августи соли 2020 тахминан соати 23 худро дар дохили бинои ёрирасониашон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳоти Обигармӣ бо ресмон овехта, вафот кардааст.

Fайр аз ин, Азимов С.С. такроран дар давоми моҳҳои май-августи соли 2020 ба бовари шаҳрванд Қурбонов Р.Ш. даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати 0,06 га барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз номбурда маблағи 45.500 сомонӣ гирифта, дар эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба Қурбонов Ш.Р. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 

Инчунин, номбурда боз дар се лаҳза ҷинояти қаллобиро содир намуда, ба шаҳрвандон Мирзоализода М.М. ба маблағи 67.000 сомонӣ, ба Fафурова Ш.З. маблағи 3.000 сомонӣ ва ба Ҳаитова М.С. маблағи 1020 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Бо ҳукми Суди шаҳри Ҳисор, аз 5 августи соли 2021, Азимов С.С. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мухдати 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти соҳаи заминсозӣ ба муҳлати 4 сол ва бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ