Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Бо ҳамин “Истиқлол” аз ҳаққи гузаштан ба даври чорякфинал ва идомаи рақобат маҳрум гашт.
Ягона голро дар дақиқаи 90-ум бозигари меҳмонон Меҳдӣ Туробӣ вориди дарвозаи дастаи душанбегӣ намуд.
Ин бозӣ шаби 14-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури беш аз 17 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Ҳайати дастаҳо чунин буд:
“Истиқлол”: Муҳриддин Ҳасанов, Ваҳдат Ҳанонов, Алексей Ларин, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Алишер Ҷалилов (капитан), Амирбек Ҷӯрабоев, Ислом Зоиров, Аҳтам Назаров (Шервонӣ Мабатшоев, 87), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ: Мубин Эргашев (Тоҷикистон).
“Персеполис”: Ҳамид Лак, Саид Оқоӣ, Ҷалол Ҳусейнӣ (капитан), Фаршод Фараҷӣ, Сиёмак Неъматӣ, Меҳдӣ Туробӣ, Милод Сарлак, Ризо Асадӣ, Умед Алишоҳ (Исо Аликасир, 79), Воҳид Амирӣ, Меҳдӣ Абдӣ (Ҳамид Покдил, 79).
Сармураббӣ: Яҳё Гулмуҳаммадӣ (Эрон)
Огоҳӣ гирифтанд: Фаршод Фараҷӣ, Воҳид Сарлак (ҳарду аз “Персеполис”), Манучеҳр Сафаров (“Истиқлол”).
Ҳимоягари “Истиқлол”, легионери украинӣ Андрей Мишенко, бо сабаби гирифтани корти зиёдатӣ дар сабқати гурӯҳӣ ва дарвозабони асосӣ Рустам Ятимов ба иллати осеб дидан ширкат карда натавонистанд.
Бозии “Истиқлол” ва “Персеполис”-ро доварон аз Ҷопон бо раҳбарии Ҳироюки Кимура доварӣ карданд.