Имрӯз, 18 октябр, дар Тоҷикистон се тамрини васеъмиқёси неруҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз шуд. Тамринҳои низомии махсуси “Эшелон-2021”, “Поиск-2021” ва машқи муштараки “Взаимодействие-2021” дар машқгоҳҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон – “Момирак” ва “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар доираи тамрини муштараки фаврӣ ва стратегии “Боевое братство-2021” то 23 октябр идома меёбанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, тамринҳоро сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзод ва сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) генерал-полковник Анатолий Сидоров назорат мебаранд. Дар ин машқҳо гуруҳи Неруҳои дастаҷамъии СААД вазифаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти махсус оид ба бартараф намудани низои мусаллаҳи сарҳадии марбут ба талошҳои вуруди ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористиро ба қаламрави Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, дар амал месанҷанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар ин тамринҳо беш аз чор ҳазор аскару афсар аз Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, машқҳои муштараки махсуси васеи низомии кишварҳои узви СААД дар чанд марҳила ташкилу ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо як қатор унсурҳои зиддитеррористиро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.
“Тибқи нақша ва мувофиқ ба матлаби машқҳо дар ин размоиши махсуси васеи низомӣ, чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан ва бомбаандозу қиркунанда, 50 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, миқдори зиёди техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ дар он истифода мешаванд”, — хабар дод манбаъ.