Ширкати тоҷикистонии “Сомон эйр” аз моҳи ноябри имсол ҳафтае як маротиба аз Самара ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад.
“Акнун ҳавопаймоҳо аз шаҳри Самараи Русия ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бештар парвоз хоҳанд кард. Аз моҳи ноябри соли 2021 боз як ширкати ҳавопаймоӣ — “Сомон эйр” ба иҷрои парвозҳои тариқи ин хатсайр шурӯъ намуд”, — хабар медиҳад samara.kp.
Бо хатсайри Самара — Душанбе инчунин ширкати “Уральские авиалинии” ҳафтае се парвоз анҷом медиҳад.
Бино ба ин хабар, парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Курумоч ҳафтае 1 маротиба, рӯзи душанбе соати 08:00 ба вақти Душанбе сурат мегиранд.
Вақти парвоз 3 соату 20 дақиқа буда, ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737 иҷро карда мешаванд.