Аз 1 январ тарифҳои гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ” боло бурда мешаванд. Филиали Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), ки масъулияти нигаҳбонии роҳ ва ҷамъоварии маблағи онро ба уҳда дорад, дар шарҳе расмӣ гуфт, боло бурдани нархҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Ҳамакнун арзиши гузаштан аз ҳар як плаза вобаста ба тарозуҳо аз 2 то 19 сомонӣ боло бурда шудааст. Ширкат сабаби болоравии тарифҳоро пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир, беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА ва корношоям шудани ҷузъҳо ва унсурҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ маънидод кардааст:
“Сабаби таҷдиди назар шудани тарифҳо, ин пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир мебошад, ки дар баробари дигар субъектҳо, ба фаъолияти филиали Ширкат низ таъсири манфӣ расонида истодааст.
2,5 маротиба беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА, ки бо ин намуди асъор филиали Ширкат аз хориҷи кишвар техникаву механизмҳои роҳдорӣ, маҳсулоти нафтӣ, таҷҳизоти замонавии соҳаи технологияи информатсионӣ ва ғайраро бо мақсади тибқи талабот нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ харидорӣ менамояд, инчунин, аз тарафи истеҳсолкунандагон баланд бардоштани арзиши масолеҳи роҳдорӣ, хароҷоти филиали Ширкатро хеле зиёд намуданд”, — гуфта шудааст дар иттилоияи Ширкат.
Сабаби дигаре, ки хароҷоти Филиали Ширкатро зиёд намуда истодааст, ба гуфтаи масъулини Ширкат, ба итмом расидани муҳлати истифодаи ҷузъҳо ва элементҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ мебошад:
“Онҳо пай дар пай корношоям шуда, аксарият дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. “IRS” ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат баҳри сари вақт таъмир намудани қисмҳо ва элементҳои корношоямшудаи роҳ ва амалӣ намудани дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳ, маблағи зиёд сарф намуда истодааст”.
Гуфта мешавад, айни ҳол Филиали Ширкат зиёда аз 800 шаҳрванди ҷумҳуриро бо ҷойи кор таъмин намуда, вале бо сабаби тағйир наёфтани тарифҳо, филиали Ширкат имконияти зиёд намудани музди маоши кормандони худро пайдо накарда, бо дигар ташкилотҳо, дар бозори меҳнат, рақобат карда наметавонад.
Ҳамакнун, тибқи тарифҳои нав, ронандагони категорияи 1 — уми автомашинаҳо барои аз Душанбе то Хуҷанд расидан 83 сомонӣ мепардозанд, ки қабл аз ин 55 сомонӣ буд. Ин тариф нисбат ба арзиши қаблӣ 28 сомонӣ ё 51{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} бештар аст. Агар ронандагони ин категория ҳаққи истифодаи роҳро ғайринақдӣ пардозанд, назар ба пардохти нақди арзонтар буда, ҳамагӣ 69 сомонӣ мешавад.
Арзиши истифодаи роҳ барои ронандаҳои категорияи дувум ба 210 сомонӣ расидааст. То ин вақт 167 сомонӣ буд. Тафовути болоравии нарх 43 сомонӣ ё 25{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} аст. Арзиши пардохти ғайринақдӣ дар ин бахш 196 сомонӣ мебошад.
Ширкат барои ронандагони категорияи сеюм тарифҳоро то 476 сомонӣ боло бурдааст. То ин вақт 433 сомонӣ пардохт мешуд. Дар ин бахш нарх 43 сомонӣ ё 9{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e} гарон шудааст. Ҳаҷми пардохти ғайринақдӣ дар ин категория 461 сомонӣ аст.
Арзиши истифодаи роҳ барои категорияи чоруми ронандаҳо 590 сомонӣ шудааст, ки пештар 544 сомонӣ буд. Арзиши ғайринақдӣ 576 сомонӣ аст. Сатҳи гароншавӣ дар ин бахш 46 сомонӣ ё 8{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}-ро дар бар мегирад.
Ширкат мегӯяд, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум, бениҳоят зиёд шудани хароҷот барои нигоҳдории роҳ ва амалӣ гардидани як силсила корҳо, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллӣ ва ҷории садҳо километр роҳ, то ин вақт ягон маротиба тарифҳо боло бурда нашуда буданд.
Филиали Ширкати IRS тибқи як созишномаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ барои ҷамъоварии маблағ насб шуда, барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи истифодаи роҳ ҷамъ карда мешавад.