Русия 13 нафар, аз ҷумла ду занро, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаанд, ба Тоҷикистон супурд. Прокуратураи генералии Русия рӯзи 24 декабр дар иттилоияе гуфт, инҳо касонеянд, ки дар Тоҷикистон ба зидди онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуда, вале онҳо аз ҷавобгарӣ ба Русия фирор кардаву онҷо дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ин 13 нафар бо риояи меъёрҳои амниятӣ баъди ҳукми қонунӣ гирифтани ҳукми истирдодашон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуданд.
Дар байни афроди истирдодшуда, аз ҷумла, ду кассири собиқи “Амонатбонк” — Раҳматулло Холов, ки ба исрофкорию азхудкунии 174 ҳазор сомонӣ ва 19,4 доллар айбдор дониста мешавад ва Зулфия Зайдуллоева, ки ба номи шаҳрвандони дигар бидуни огоҳияшон ба маблағи беш аз 1,1 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро ба манфиати худ истифода бурдааст, будаанд.
Ба ғайр аз ин, дар миёни онҳо менеҷери собиқи ширкати мобилии “Вавилон-М” Насиба Ҷалилова, роҳбари собиқи корхонаи “Суғд Роҳ” Муҳаммадраҳим Азимзода, старшинаи қӯшунҳои марзбонӣ Давлатмурод Ғафуров ҳам будаанд.
Ҳамчунин, 4 нафар ба фиреб додани шаҳрвандон ва 4 каси дигар ба қочоқи мухаддирот айбдор дониста мешаванд.
Прокуратураи генералии Русия рӯйхати ин 13 нафари ба Тоҷикистон истирдодшударо пурра нашр кард, ки чунин аст:
1. Раҳматулло Холов ба он айбдор дониста мешавад, ки аз моҳи январ то декабри соли 2016 ба ҳайси кассири филиали №15 “Амонатбонк” кор карда, бо роҳи аз худ кардани маблағҳо ба ин бонк ба маблағи 174 084 сомонӣ ва 19 400 доллари Амрико зарар расондааст;
2. Зулфия Зайдуллоева ба он айбдор дониста мешавад, ки ба ҳайси кассири ҳамин “Амонатбонк” дар солҳои 2015–2016 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, бидуни хабар додани шаҳрвандон ба номи онҳо ба маблағи 1 миллиону 102 ҳазору 408 сомонӣ қарзи бонкӣ омода намуда, ин маблағҳоро аз худ карда, ба манфиати худ сарф кардааст;
3. Муҳаммадраҳим Азимзода ба он айбдор дониста мешавад, ки ҳамчун мудири ҷамъияти “Суғд-Роҳ” аз “Амонатбонк” бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо гӯё барои мумфарш кардани роҳҳо ва харидани сӯзишворӣ 2,9 миллион сомонӣ қарз гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст;
4. Баҳодур Девонақулов ба он айбдор дониста мешавад, ки бо шарикаш моҳи марти соли 2020 беш аз 70 кило ҳашишу афюн ва метамфетамин харидаанд, вале ин миқдори бузурги маводи мухаддирро ба сабаби як рӯз баъд дастгир шудани шарикаш ба фурӯш бароварда натавонистаанд;
5. Сафаралӣ Нуров, ки қаблан ҳам барои қочоқи маводи мухаддир суд шуда буд, ба он айбдор дониста мешавад, ки моҳи августи соли 2019 бо шариконаш беш аз як кило героинро ба фурӯш баровардааст;
6. Шамил Отанбеков низ ба он айбдор мешавад, ки дар ноҳияи Шаҳритӯс миқдори бузурги героинро харидааст. Мошини пур аз маводи мухаддири онҳоро дар роҳ ба Душанбе дастгир кардаанд, вале Отанбеков ва шариконаш тавонистаанд фирор кунанд;
7. Абдулвоҳид Менглибоев ба он айбдор мешавад, ки моҳи марти соли 2019 бо баҳонаи фурӯхтани молу мулк 80 ҳазор сомонӣ пули як ҷабрдидаро тасарруф кардааст;
8. Бахтиёр Ҷалолов ба он айбдор мешавад, ки ба ҳайси раиси хоҷагии деҳқонии “Ҳусенбой” дар ноҳияи Ашт қитъаҳои заминро ба сокинон ғайриқонунӣ тақсим карда, ба ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 24 ҳазор сомонӣ зарар расондааст;
9. Насиба Ҷалилова ба он айбдор мешавад, ки дар давраи кораш ба ҳайси менеҷери шуъбаи маркетинг ва таҳлили ширкати мобили “Вавилон-М”, бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ширкати “Нақши ҷаҳон” пулҳои барои хидматрасонӣ ба муштариёни “Нақши ҷаҳон” ҷудошударо аз худ карда, ҳамчунин аз моҳи октябри соли 2017 то августи 2018 ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ соҳибкории ғайриқонунӣ кардааст.
10. Давлатмурод Ғафуров, старшинаи қисми низомии №0308 Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, ба он айбдор дониста мешавад, ки 16 декабри соли 2019 ба қисми низомӣ ҳозир нашуда, аз қаламрави Тоҷикистон фирор кардааст;
11. Усмоналӣ Бурҳонов ба он айбдор дониста мешавад, ки моҳи апрели соли 2018 бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ 79 500 сомонӣ пули як шаҳрвандро аз худ кардааст;
12. Мамадҷон Шарипов ба он айбдор мешавад, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони дигар бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтани коттеҷ аз як сокин 65 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст;
Ҳабибулло Юлдошев ба он айбдор дониста мешавад, ки тобистони соли 2019 бо роҳи фиреб пулҳои 4 шаҳрвандро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва 105 ҳазор доллар гирифта, ба онҳо зарари бузурги молиявӣ расондааст.