Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт)-ро як соли дигар тамдид кардааст. Қарори Ҳукумат дар ин бора рӯзи 12 феврал тасвиб шудааст. Ин маълумотро дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” тасдиқ кардаанд:
“Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, аз 12 феврали соли 2022, таҳти рақами 24, бақайдгирии дубораи симкортҳо симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) то 15 феврали соли 2023 тамдид карда шуд”, — гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ дар Хадамоти алоқа.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 15 феврал, муҳлати муқарраргардида барои азнавбақайдгирии симкортҳо дар асоси шиносномаҳои намунаи соли 2014 (корти пластикӣ) ба охир расид. Тибқи ин қарор, шаҳрвандони дорои шиносномаи соли 1996 муваззаф буданд, ки то имрӯз онро бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, намунаи соли 2014 иваз намуда ва симкортҳои худро дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ дубора сабти ном кунанд.
Қаблан масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маълумот доданд, ки зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон буда, аз ин тақрибан 5,5 миллион адад фаъол мебошанд. Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотии охири моҳи январ гуфт, ҳанӯз дар ҷумҳурӣ 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд буда, аз ин 1,8 миллиони онҳо фаъоланд.
Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.
Ҳам дар Хадамоти алоқа ва ҳам дар Хадамоти шиноснимадиҳию бақайдгирии ВКД Тоҷикистон мегӯянд, тавассути шиносномаи нав ба қайд гирифтани симкортҳо, дар маҷмӯъ, бо ҳадафи таъмини амнияти муштариёни алоқаи мобилӣ мебошад, ки аз моҳи апрели соли 2016 ба ин тараф идома дорад.
Гуфта мешавад, шиносномаи намунаи нав, ки симкортро ба он пайваст мекунанд, имкон медиҳад, ки на танҳо ном, насаб ва суроғаи соҳибаш, балки маълумоти биометрии ӯ, аз қабили изи ангушт ва гурӯҳи хун низ муайян карда шаванд:
Ин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ андешида мешаванд, шарҳ дода буданд дар Хадамоти алоқа.
Зимнан, тибқи қоидаи нав, ба номи як нафар набояд бештар аз ду симкорт сабт карда шавад.