Вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 14 феврал масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба кодекси мазкур ду моддаи нав оид ба истеҳсолоти иҷро ворид карда шавад. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Ба гуфтаи вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода, лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст:
“Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, инчунин ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ вобаста ба бартараф намудани норасоию мухолифат ва такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро таҳия ва пешниҳод шудааст”, — гуфта шуд дар ҷаласа.
Ба гуфтаи вакил, мақсади асосии лоиҳаи мазкур аз иҷро накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо мушаххас гардонидани санксияҳои ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.
Лоиҳа аз лиҳози ҳуқуқӣ такмил дода шуда, ду моддаи нав, яъне моддаҳои 5275 ва 5301 оид ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро иловатан ба кодекси амалкунанда ворид гардида, матни он аз лиҳози ҳуқуқӣ, имлоӣ, меъёрӣ мухтасар, дақиқ ва оммафаҳм ифода гардидааст. Ба ғайр аз ин, аз матни моддаи 530-и Кодекси амалкунанда калимаҳои “инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд,” хориҷ карда мешаванд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ “Оид ба иҷрои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.