Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Хотироте мондагор. Таронаҳои андуҳ дар сӯги Сардор Раҳдор


06.07.2020 07:28

: 653

“Зиндагӣ мисли сояи худам аз пасам медавад. Боре ҳам накӯшидаам, ки аз паси сояи зиндагӣ давам”

(Аз катибаи мазори “Шуҳадои солиҳин”)

Расо 4 моҳ боз таҳияи ин матлаби дардолудро анҷом дода наметавонам. Панҷаҳо сари ҳуруфи комютар шах мешаванду гиря маро гулӯгир мекунад. Ашк дастгоҳи ҳуруфоти компютерро тар мекард.

Ҳасратамро ба Шагарф гуфтам. Ӯ низ баробари шунидани номи Сардор ашкборон мешавад. Гиряи мард таркиш аст. Гиряи мардро танҳо устод Жола Бадеъ тавонист тасвир кунад:

Чу мард гиря кунад, наъра мезанад тӯфон,

Чу мард гиря кунад, нола мекунад шайтон!

Гиря низ ғубори ғамро аз дил намеронад...

Баҳори соли 1987 сиёсатмадор ва шоир Фарид Аҳмади Маздак банда ва Сардор Раҳдорро (он вақт Узви Бюрои сиёсии КМ ҲХДА буд) ба зиёфати наврӯзӣ даъват кард. Ӯ низ шеър менавишт. Аз китобаш бо номи “Гиря” шеърҳо қироат кард. Устод Фарид намедонист, ки Сардор низ шоир аст. То рӯз Сардор шеър хонд. Дар фарҷом гуфт:

- Гиря монологи инсон аз лаҳзаи таваллуд аст. Сайёраи мо биҳиштӣ мешуд, агар тифлакон вақти таваллуд ханда мекарданд.

Ҳайҳот, афсӯс, то ба ҳол мурда бо гиря зинда нашудааст. Танҳо хотираҳо ва ҳасратномаҳо номашро зинда мекунад. Кам андар кам якбора инсони комил, дӯсти ҷонӣ, соҳибистеъдод, покдилро Худованд дар як сурат меофарад. Шояд Сардор Раҳдор сарфи назар буд.

Мо пас аз хидмат ва кор дар Афғонистон ҳафтае ба ҳам дидор доштем. Соле пеш қабл аз сафари Сардор ба шаҳри Москва барои ҷарроҳии қалб дар тарабхонаи Боғи “Истиқлол” гирд омадем. Роҳбалад ва танзимгари доимии маҳфили мо Шагарф Муло Абдол шахсе, ки солҳои тӯлонӣ дар мамолики араб ба ҳайси тарҷумон маъруф буд. Воқеан, ман пешакӣ аҳли маҳфилро муаррифӣ накардам. Шагарф сӣ сол боз маҳфилорои доимии мо шариксангарҳост. Барои мадҳу санои дилсӯзию инсондӯстии Шагарф ҷилд ҷилд китоб кам аст. Академики маҳфили мо Худобердӣ Холиқназар аз овони донишҷӯӣ бо зеҳни закӣ, адаби намунавӣ ва поктинатӣ шуҳрат дошт. Аз курси сеюм дар паҳлуи дарсҳои муқаррарӣ дар утоқи илмии дастхатҳои китобхонаи ба номи Ҷомӣ кор мекард. Ӯ низ солҳо дар Эрону Афғонистон кор карда буд. Шариксанги дигари мо Шакарбек бо вуҷуди симои Рустамонааш дар умраш то ҳол мӯреро озор надодааст. Камгапию серкории ӯ ба ҳама басо маъқул буд. Афсус, файласуф ва мубаллиғи маҳфил Абусаид Шоҳхуморов дар авҷи камолоти умр ин дунёро тарк карда буд.

Мавзӯи асосии онрӯзаи маҳфил табобати Сардор Раҳдор буд. Дӯстон ва пайвандонаш зӯран ӯро барои табобати қалб ба Москва фиристонданд. Сардор аслан нисбат ба дарду дармонаш бепарво буд. Ва хеле ҳам кам дидаем, ки дар ҳолатҳои маризии шадид низ аз шеъру суруд, аксиягӯӣ ва лутф даст кашида бошад.

- Ҷарроҳии қалби Сардор хел вазнин аст. Зеро дар ин дил тамоми дарду андуҳи олам ғун шудааст, бо ҳасрат гуфт Ато Мирхоҷа.

Хабари маризии охирини Сардорро он рӯз аз Канада шунидам. Ман дусад ҷақрим дуртар аз Қарияи Боло зиндагӣ мекунам. Вале Шагарф, ки дар Канада буд, гиряолуд гуфт, ки Сардор дар шифохона беҳуш аст.

Дар саҳни шуъбаи эҳёи шифохона тамоми аҳли зиёи кишвар ҷамъ омада буданд. Аёдатгар ва беморбини “шоиста”-и кишвар Ато Мирхоҷа чун ҳарвақта маҳзун қадам мезад.

Ёд дорам, порсол вақти муаррифии китоби “Сарои санг” Сардор бо ҳаваси холис гуфтаанд:

- Агар ин хел роман менавиштам, аз дунё бе ҳасрат мерафтам.

Бо тавсияи табиб барои аз ҳолати беҳушӣ баровардани бемор равоншиносон дар паҳлӯяш нақл кардани лаҳзаҳои гуворои зиндагияшро тавсия доданд. Ман ба ин усул эътимод надоштам. Аммо сухани бародараш Пасорхонро рад накардам. Дар сари болинаш лаҳзаҳои зиндагии сарбозии соли 1982-1984-ро қисса кардам. Порае аз ин лаҳзаҳоро ба хонандгон, дар рӯзҳои воҳимаи пандемия қисса мекунам.


Максим Максимович

Чун узви бадани инсонӣ дили Сардор Раҳдор бори гарони муҳит ва зиндагиро намебардошт. Зеро Сардор тамоми ҳаводиси неку бади зиндагиро аз тариқи он ба тафаккур интиқол медод. Ӯ барои дарди дигарон ранҷ мекашид.

Баҳори соли 1982 мо аз қисми низомӣ барои хариди меваҷот ба бозори Шаҳринав (бозори маводи хӯрокаи шаҳри Кобул) рафтем. Як рӯз пеш ба мо маош дода буданд. Сардор ба тифлакон ва занони побараҳна пул тақсим мекард. Хуллас, маоши думоҳаашро ба бечораҳо тақсим кард. Роҳбалади мо прапоршик Витя Бугара гуфт:

- Лейтенанти калон Дилбоваров (дар шиноснома Сардор Дилбоваров), агар маош бароят вазнинӣ кунад, ман ҳам мисли ин афғонбачаҳо муҳтоҷам.

- Витя ба ту маблағ даркор нест. Бароят инсоф лозим. Инсофро дар бозори Шаҳринав намефурӯшанд.

Витя аслан маълумоти олии педагогӣ дошт. Сардорро Максим Максимович мегуфт. Боре Амон Саидович, яке аз башардӯстон асил – ҳамхидамти мо (рӯҳашон шод бод) ба Қамчибек Рашидбеков (рӯҳашон шод бод) ишора карда гуфт:

- Акаи Қамчибек, ин ҷураат Вият аз худ рафтааст. Ҳамаи моро лақабу ном мегузорад.

Акаи Қамчибек се усли тарбия дошт. Аввал бо сухан мефаҳмонд. Сипас ба кори иҷборӣ ҷалб мекард. Дар охир, агар ин усулҳо натиҷа надиҳанд, мушт гиреҳ мекард. Шодравон Қамчибек устоди ҳамаи тарҷумонҳо буд. Дар Ҳироту Кобул меҳмони олирутбаро ҳамроҳӣ менамуд. Ӯ бо хашм аз Вият пурсид:

- Витя, чашматро кушо, ана билети ҳарбии Дилбоваров, ин Максим Максимович чӣ маъно дорад?

- Ҷавобашро аз повести “Духтари капитан”-и Пушкин хонед.

Ман, ки доимо худамро аз дигарон хонотару донотар медонистам, бо хиҷолат ба мутолиаи “Духтари капитан” шуруъ кардам. Максим Максимович дар ин повест бо лақаби “Максими дили тиллоӣ” тасвир ёфтааст. Оре, Сардор дили тиллоӣ дошт ва дигар мо ӯро “Максим Максимович” хитоб мекардем.


Хӯроки гурбаи башардӯст

Сардор ҳамаи ҳаводису табаддулоти муҳитро дақиқ назорат мекард. Ба иборае, гуё ӯ навбатдори ҳаррӯзаи зиндагӣ буд. Дар зиндагии сарбозии мо воқеоти зиёде дучор меомаданд. Фазлу хиради Сардор моро аз ҳолатҳои ногувор раҳо мекард.

Масалан, ҳеҷ кас гумон намекард, ки металлургони Магадан чӣ қадар ба мо кӯмак мекарданд. Корхонаи пойафзолбарории назди хонаи Борис Николаевич барои ду писараш ёрдам карда бошад ҳам, худи коргарон инро пайхас намекарданд. Аз ин корхона аз ҳисоби маоши коргарон пойафзол харида, барои бачагони ятими Афғонистон фиристоданд. Борис Николаевич пойафзолро ба хона баргардонд. Зани Борис пойафзолро дар ним соат ба коргарони ҳамон корхонаи пойафзол фурӯхт.

- Ана ин пойафзол! Қанд зананд хориҷиҳо, гуфтанд коргарон!

Дар дӯконҳои Кобул рӯз аз рӯз моли қисми харбии мо пур мешуд. Ҳар гуна консерву молҳои каннодии халқи мо дар навбати аввал ба дӯкон мерафт. Маҳз ҷанги аввали Сардор бо Борис аз ин ҷо шурӯъ шуд. Рӯзи ҷумъа буд. Ба дӯкони хӯрокворӣ рафтам. Ин дӯкони гӯшаи шаҳр назарногир бошад ҳам, аз молу маҳсулот пур буд.

Дӯкондор моро дида, бо хушнудӣ гуфт:

- Тарҷумон соҳиб! Оғои Сардорхон нестанд (афғонҳо ба Сардор боварии бештар доштанд, зеро ӯ дурӯғ намегуфт).

- Дукондор бесоҳиб, Сардорхон дар амалиёт ҳастанд (амалиёт истилоҳи низомии ҷангӣ буда, яъне маънояш “ба ҷанг” рафтан аст. Аммо мо вақти хоби рӯзонаро “амалиёт” меномидем).

- Имрӯз ватандорони шумо - ду соҳибмансаб ба ман консерв оварданд.

- Канӣ, ин чӣ гуна консерв аст? Ман ба қуттии пури консерв назар карда, оби даҳон кардам. Дарунаш тухми (икра) сурху сафеди моҳӣ буд. Борҳо дар бораи икра шунида будаму ана нав дидам. Ва сирро бой надода, зуд ба худ омадам. Дӯкондор низ аз ранг паронданам ба тааҷҷуб афтода пурсид:

- Бародари гул, наход шумо инро надонед?

- Ба Худо қасам, чизеро намефаҳмидам. Ва оҳиста гуфтам:

- Бародари дӯкондорсоҳиб, ин консерв хӯроки гурба аст. Шумо гурба доред?-суол кардам.

Ранги дӯкондор хира гашт. Аз ғазаб дандон месовид.

Ман бобарор шудани сайдро пай бурдам:

- Бале, соҳиб ин беҳтарин консерви пишак аст. Пишакатон кайф мекунад.

- Ман ягон пишак надорам. Маро бозӣ доданд, лаънатиҳо, - дод зад дӯкондор.

- Парво накунед, додар агар пишак надошта бошед, саг низ ба ин таом майли хуб дорад. Ман аз дӯкон баромада, пас аз даҳ дақиқа баргаштам.

- Бародар, шумо агар пишак надошта бошед, ин консерваро ман мехарам, -гуфтам.

- Бигир, бигир ман барои ин моли харом пайса намегирам.

Ман бепул як қуттӣ икраро пуштора карда овардам. Борис Николаевич ин саҳнаро шунида, ҷойи нишаст наёфт. Ва тоқаташ тоқ шуд. Пас аз як ҳафта адреси дӯкондорро пурсида бадар рафт. Бегоҳӣ хабар оварданд, ки Борис Николаевич ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ аз сараш шаллоқ хӯрдааст. Пас аз як сол фаҳмидам Борис Николаевич ба дӯкон рафта пурсидааст:

- Бародар, ман ба шумо чанд қуттӣ хӯроки гурба овардам. Агар монда бошад, пас мегирам. Дӯкондор бо калтак ба сари Борис дурустакак фуроварда буд.

Баъди як рӯз дӯкондор назди командири қисми низомии мо омад. Моҷарои консерв қариб ба баҳси дипломатии байналмилалӣ табдил меёфт. Вале Сардор қаҳрамонона онро бо роҳи осоишта ҳал кард.

Ман, Сардор ва Гадойбои Истравшанӣ ба дӯкон рафтем.

Сардор нуқтаи заъфи ҳар инсонро зуд меёфт.

- Бародари гул, бишин як ривоят барот қисса мекунам. Дар замонҳои қадим подшоҳе будааст. Аспи хеле зебо ва даванд бо номи Аштар дошт. Аспро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Ҳазор нукар аспро парвариш мекарданд. Ҳар рӯз нисфи рӯзро бо Аштар тир мекард. Ногаҳон Аштар касал шуд. Аз кулли кишварҳо байтор оварданд. Шоҳ фармон дод, ки агар касе марги Аштарро ба ӯ расонад, ба дор овехта мешавад. Рӯзҳо тир мешуданд. Аштар шабона ҷон дод. Касе ҷуръат намекард, хабари марги Аштарро ба шоҳ расонанд. Аҳли дарбор ҷамъ шуданду аз вазир Халилӣ, ки бо шоҳ хеле наздик буд, хабар бурдани марги аспро хоҳиш карданд. Халилӣ ба назди шоҳ рафт. Шоҳ ба ҷои ҷавоби салом ҳоли Аштар пурсид:

- Шоҳам, Аштар боз ҳам хуб аст. Мунтаҳо ҷав намехӯрад, об наменӯшад. Аз поси шаб боз нафас намекашад. Дигар хайру хайриятист.

- Чӣ?! Аштар мурд, - фарёд зад шоҳ

- Аълоҳазрат, оҳистатар гап занед. Касе, ки Аштар мурд гӯяд, ба дор овехта мешвад, - гуфт Халилӣ

Шоҳ аввал гиря карда ва баъдан аз ханда нафасгир шуд.

- Сардорхон, ман маънои қиссаро фаҳмидам. Дигар фақт худат ба дӯкон биё! Ман аз дигарон консерв намегирам...


"Гулсара, та ба хаёл аз наядум..."

Моҳи июли соли 1987 гурӯҳи кори мушовирини Кумитаи марказии Созмони ҷавонони Афғонистон ба вилоёти Қундуз, Тахор, Самангон сафар намуд. Ману мушовири Институти кадрҳои ҷавон Александр Панкратов ба Самангон рафтем. Дар ин ҷо Сардор ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа менамуд. Баъди ду рӯз кори расмии санҷишу мусоҳибаҳо дар Айбак ба охир расид. Бояд рӯзи сеюм моро низомиён аз Айбак бо худ мебурданд. Вале чор рӯз мунтазир мондем. 11 июли он сол шомгоҳ чанд нафар бадахшониёни муқими Айбак моро ба меҳмонӣ даъват карданд. Барои рафтан ба меҳмонӣ бояд сараввал иҷозаи Роҳбари дастгоҳи мушвирин дар Кобул Абдуҷаббор Раҳмонов (ҳоло Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба масълаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа) ва ризоияти Панкратов лозим буд. Абдуҷаббор аз зумраи кормандоне буд, ки аз бисёр маҳдудиятҳо ва робитаҳои алоҳида ба шаҳрвандони Афғонистон чашм мепӯшид. Ё агар сардори гуруҳ Александр Петрович аз тариқи хабаркашҳо огоҳ мешуд, Абдуҷаббор зуд сиёҳро сафед мекард.

Бадахшониёи Айбак он рӯз батахтнишинии Имоми Замон Мавлоно Шоҳ Карим Ал Ҳусайниро таҷлил карда буданд. Аввалин сурудҳои мазҳабии Сардор ба таври махфӣ аз он сол эъҷод шуданд. Сардор дар маҳфил ба забони шуғнонӣ ва рӯшонӣ суруд мехонд. Рӯзи дигар дар тангои кӯли Айбақ суруди маъруфи “Гулсара таба хаёл аз наядум” (Гулсара ба хаёлат ман дигар намеоям) эҷод шуд (силсилаи манзумаҳои “Ху мо пуцак, аз паси кочор ту мажоз” (“Писари азизи модар, аз паси моли дунё мадав”) дар Айбак эҷод шудааст). Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ суруд машҳур гардида, садҳо гулсараҳо дар ғояти рашк аз шавҳарҳояшон калтак мехӯрданд. Мавҷи дуюми шӯҳрати “Гулсара” ба вақте рост омад, ки бо хоҳиши банда ҳофизи номии Душанбе Паллаев (руҳаш шод бод) оҳанг баста буд. Баъдан ҳунарманди овозадор Қурбоналӣ Раҳмон низ онро месуруд).

Боре дар шаби назми соли 1989 сари ин суруд баҳс рафт. Сардор хоксорона гуфт:

- Гулсара зани зебои тоҷик аст. Шояд дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Осиё миллион Гулсара бошанд. Ин зани хаёлии ман аст.

Банда низ ба баҳс шомил шудам:

- Гулсараро ман нағз мешиносам. Ин аспи қаҳрамони повести “Алвидоъ Гулсари”-и Чингиз Айтматов аст. Ин повести дӯстдоштаи Сардор аст.

- Ман намедонам, ки ин шеъри Сардор ба асп ё саг бахшида шудааст. Ҳаминаш кофист, ки ин суруд ба аллаи занони тоҷик табдил ёфтааст, - илова кард муаллими номдор Шоҳҷон Шонаврӯзов.

Дар омади сухан бояд ёдрас кунам, ки даҳ суруди мазҳабии Сардор Раҳдор дар ҷамоати Исмоилиёни Покистон, Ҳиндустон, Фаронса ва Канада дар маҳфилҳои расмӣ суруда мешаванд. Банда моҳи апрели соли гузашт шоҳид будам, ки дар Ҳиндустон суруди Сардор Раҳдор “Ё Алӣ мадад” танинандоз шуд...

Дар “тим”-и маҳфили “Адибони Бадахшон” устод Ширин Бунёд ҳар аъзои маҳфилро мисли тахтаи шоҳмот мушаххасан барои амалиёти бозӣ ҷойгир мекард. Маҳфил аз падидаҳои нави маҳфил баъдан Лаъалҷуба ва Тайғун Бозор ва ба ҳайси “ниммуҳофизатгар” Сардор вориди набард мешуд. Сардор бо ду забон шеър қироат мекард. Авҷи маҳфилро Ато Мирхоҷа таъмин менамуд. Вале дар солҳои навадум Сардор аллакай ба “ҳамлагар”-и қавӣ табдил ёфта, баъзан ба “дарвоза”-и худи Устод Ширин Бунёд гол мезад. Дар таърихи 25 соли ин маҳфил танҳо Ато Мирхоҷа ва Сардор Раҳдор ба шаби эҷодии алоҳида ноил шуданд.

Афсус, эй Гулсара, ана акнун Сардор дигар намеояд. Фақат дар дили бозмондагон шуҷоату фазилат, инсонпарварии ӯ ва дар хазинаи маънавиёти мо осори ӯ боқӣ мемонад.

Ёдат ба хайр, руҳат шод бод, Сардор!


Наҷмиддин Шоҳинбод


Комментарии для сайта Cackle