Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” дубора ба фаъолият оғоз кард

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 сентябр, ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии “Адрасмон” дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд.

Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст.  Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд.

Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “АСИМ” оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон” амалӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст.

Дар муддати тақрибан якуним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ пурра аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз карда шуд.

Ҳоло дар корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, коргоҳи осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд.

Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст.

Ҳамчунин, инфрасохтори корхона – хобгоҳҳо, осоишгоҳ, маҷмааҳои меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти вобаста ба корхона таъмири асосӣ ва навсозӣ гардидаанд.

Барои интиқоли партовҳои коркарди маъдан аз фабрика ба партовгоҳи №2 ва истифодаи такрории обҳои техникӣ ду хатти қубур бо қутри 377 миллиметр ва дарозии 4400-метрӣ васл карда шудааст.

Бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо неруи барқ зеристгоҳи баландшиддати 35/10 киловолт бо ду трансформатори иқтидорашон 16 ҳазор киловат ва таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 15 километр хатҳои барқи баландшиддат бо пояҳои бетонӣ васл гардида, ноқилҳои хатҳои интиқоли неруи барқ пурра нав карда шудаанд.

Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш карда шудаанд.

Ба гуфтаи масъулин, қатъ гардидани маблағгузорӣ ва аз фаъолият бозмондани конҳо аз соли 2013 ба зерсохтори истеҳсолӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар натиҷа нақбҳои Кони Мансури Шарқӣ ва нақби нақлиётии №1 зери об монда, қисми зиёди таҷҳизоту механизмҳои истеҳсолӣ барои истифодаи минбаъда корношоям гардиданд.

Таҷҳизоти рӯизаминӣ низ дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва солҳои зиёд истифода нашудан фарсуда гардиданд. Ҳоло, дар доираи барқарорсозии корхона, таҷҳизоти кӯҳнаи зеризаминӣ пурра бо дастгоҳу механизмҳои муосир иваз карда шудаанд.

Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳраки Адрасмон низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Аз истгоҳи обкашии Дрешсой агрегати обкашӣ ва таҷҳизоти барқии вакуумӣ харидорӣ ва насб гардида, ба Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии “Адрасмон” супорида шудааст.

Бо мақсади таъмини корхона бо оби техникӣ ва нӯшокӣ 11 чоҳи амудӣ канда ва ба истифода дода шуда, дар истгоҳи обкашии Қаромазор низ таҳкурсии агрегатҳои обкашӣ пурра таҷдид ва таъмир гардид ва насосҳои нави обкаш насб карда шуданд.

Бино ва иншооти истеҳсолии қитъаҳои кон ва коргоҳҳои ёрирасон низ аз таъмири асосӣ ва навсозӣ бароварда шуданд. Бинои коргоҳи карбид ва оҳангарӣ барои ҷойгир намудани лабораторияи кимиёвӣ навсозӣ карда шудааст.

Дар майдони истеҳсолии шахтасозӣ бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона сохта шуда, ба истифода дода шудаанд. Бинои маъмурии идораи комбинат низ дар шакли сеошёна бо тарҳи замонавӣ ва шароити муносиби корӣ бунёд гардидааст.

Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ зиёда аз 200  нақлиёт ва таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи масъулин, барқарорсозии “Адрасмон” ба рушди иқтидори саноатии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд.

Барои кормандони комбинат шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Масъулин гуфтаанд, қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳила ба марҳила пардохт шуда истодаанд.

Гуфта мешавад, баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, “Адрасмон” метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.

Ифтитоҳи корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон баъди аз фаъолият боз мондан 21.09.2026