ИА барои рушди “Долони миёна” то 12 миллиард евро сармоягузорӣ ҷалб мекунад

Shared to Facebook

Иттиҳоди Аврупо қасд дорад, ки барои рушди “Долони миёна” то 12 миллиард евро сармоягузории давлатӣ ва хусусиро ҷалб намояд. Ин масир бояд Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро ба таври мустақим бо бозори Аврупо пайваст кунад. Дар ин бора 16 сентябр раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен зимни суханронии солонаи худ таҳти унвони “Дар бораи вазъи Иттиҳод” изҳор дошт.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо, маблағгузории мазкур тавассути ташаббуси аврупоии Global Gateway (“Дарвозаи ҷаҳонӣ”) ҷалб карда мешавад.

Фон дер Ляйен гуфт, ҳадафи Иттиҳоди Аврупо диверсификатсияи масирҳои нақлиётӣ, се баробар зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол ва ба таври назаррас коҳиш додани муҳлати интиқоли борҳо то соли 2030 мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, барои татбиқи ин лоиҳа Комиссияи Аврупо дар ҳамкорӣ бо сарвазири Булғористон нишасти минтақаӣ оид ба рушди робитаҳои нақлиётиро баргузор хоҳад кард.

Раиси Комиссияи Аврупо рушди шарикиҳои байналмилалиро интихоби стратегии Аврупо ва посух ба равандҳои парокандашавӣ дар низоми байналмилалии бар қоидаҳо асосёфта арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, маблағи 12 миллиард евро ҳамчун ҳаҷми ба ҳадаф гирифташудаи сармоягузориҳои ҷалбшаванда муайян шудааст, на маблағе, ки аллакай ҷудо гардидааст. Дар суханронии нашршуда ҳаҷми маблағгузорӣ барои кишварҳои алоҳида ва ё объектҳои мушаххас нишон дода нашудааст.

“Долони миёна”, ки бо номи Масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий низ маъруф аст, Чинро тавассути Қазоқистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва Гурҷистон бо Аврупо мепайвандад ва аз қаламрави Русия канорагирӣ мекунад.

Тибқи таҳқиқоте, ки Комиссияи Аврупо ҳанӯз соли 2023 нашр карда буд, аз Гурҷистон борҳо метавонанд тавассути роҳи заминӣ аз қаламрави Туркия ва ё тавассути Баҳри Сиёҳ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо интиқол дода шаванд.

Рушди “Долони миёна» дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими рушди робитаҳои нақлиётӣ ва тиҷоратии байни Осиё ва Аврупо табдил ёфтааст. Ин масир имкони пайваст намудани бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро бо бозори Аврупо ва диверсификатсияи роҳҳои интиқоли мол миёни ду минтақа фароҳам меорад.