Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамкории Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқот кардаанд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардидааст.

Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шудааст.

Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст.

Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат будааст.

Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи  вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифтааст.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 01.09.2026