Роҳбарони кишварҳои СҲШ ҳамлаҳои низомӣ ба Эронро маҳкум карданд

Shared to Facebook

Роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Эрон ҳимоят карданд. Ин мавқеъ дар Эъломияи Бишкек, ки дар натиҷаи нишасти сарони давлатҳои СҲШ дар Қирғизистон ба имзо расид, дарҷ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар эъломия гуфта шудааст, ки кишварҳои узви СҲШ аз таҳаввулоти вазъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон “амиқан нигаронанд”.

Онҳо ҳамчунин мавқеи қаблан эълонкардаи СҲШ-ро тасдиқ намуда, ҳамлаҳои низомӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳамлаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ дар байни аҳолии осоишта ва расонидани хисороти назаррас ба иқтисоди Эрон шудаанд.

Муаллифони эъломия таъкид кардаанд, ки чунин амалҳо бо принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мухолифат доранд. Ба назари онҳо, идомаи чунин иқдомҳо барои сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Дар Эъломияи Бишкек ҳамчунин таъкид шудааст, ки танҳо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ метавонанд барои ҳалли низоъ истифода шаванд.