Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 31 август, дар Бишкек бо Фиристодаи махсуси Президенти Амрико дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейн мулоқот кардаанд. Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ мавзуъҳои мубрами ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
“Тоҷикистон нақши механизми “С5+1”-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ баланд арзёбӣ менамояд”, — гуфтаанд Президенти Тоҷикистон дар мулоқот.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доштаанд.
Масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст.
Ҳамчунин, табодули афкор доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифтааст.





