Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 31 август, барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар карданд.
Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин сафар Президентро муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Президенти Тоҷикистонро Раиси Девони вазирон — Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони расмии кишвар истиқбол гирифтанд.




