Дар пайи тирандозӣ аз Афғонистон зани 21-сола дар Дарвоз кушта шуд

Shared to Facebook

Дар пайи тирандозӣ аз ҳудуди Афғонистон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон як зани 21-сола кушта шудааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, тир аз тиреза вориди манзили ӯ шуда, ба ҷигараш расидааст.

Ба иттилои мақомоти ноҳияи Дарвоз, ҳодиса тахминан соати 18:40-и 13 август рух додааст. Ҳоло мақомоти қудратии Тоҷикистон қазияро таҳқиқ доранд.

Ҷасминаи Ширинҷон, сокини 21-солаи деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳодиса дар дохили манзилаш қарор дошта, ба корҳои рӯзгордорӣ машғул будааст:

“Тир аз тиреза ворид шуда, ба ҷигари ӯ расидааст. Ӯ дар роҳ ба бемористон фавтидааст”, — гуфтаанд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз.

Гуфта мешавад, Ҷасминаи Ширинҷон як кӯдаки хурдсол дошта, ҳомиладор низ будааст.

Маросими ҷанозаи ӯ қарор аст имрӯз, 14 август, баъд аз намози ҷумъа, дар зодгоҳаш баргузор шавад.

Падару модари Ҷасмина ҳангоми рух додани ҳодиса дар Русия қарор доштаанд ва баъд аз гирифтани хабар ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Мақомот мегӯянд, тир аз ҳудуди Афғонистон ба ҷониби Тоҷикистон омадааст. Дар ин мавзеъ, дар тарафи дигари марз, дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзҳои охир даргириҳои мусаллаҳона идома доранд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, чанд рӯзи миёни нерӯҳои вобаста ба гурӯҳи радикалии “Толибон” ва гурӯҳҳои мухолифи он, аз ҷумла тарафдорони фармондеҳи норозӣ Ҷумъахони Фотеҳ, задухӯрдҳо идома доранд.