Эрон: Гулугоҳи Ҳурмуз то иҷрои шартҳои Теҳрон боз намешавад

Shared to Facebook
Муҳсин РИЗОӢ
роҳбари Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳаракати пурраи киштиҳо тавассути гулугоҳи Ҳурмуз танҳо баъд аз иҷрои шартҳои Теҳрон аз ҷониби Амрико барқарор хоҳад шуд. Дар ин бора Муҳсин Ризоӣ, раҳбари Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, зимни мулоқот бо сафири Чин дар Теҳрон Зун Пю изҳор дошт, хабар медиҳад Press TV.

Ба гуфтаи Ризоӣ, Вашингтон бояд амалиёти низомӣ алайҳи Эрон ва муттаҳидони минтақаии онро қатъ карда, ҳамчунин дороиҳои молиявии масдудшудаи Эронро озод кунад:

“То замоне ки ИМА рафтори худро тағйир надиҳад ва шартҳои Эронро напазирад, гулугоҳи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд”, — гуфтааст ӯ.

Ризоӣ афзудааст, Теҳрон тавассути миёнаравон шартҳои дигари худро низ ба Вашингтон расондааст. Ба гуфтаи ӯ, музокироти ғайримустақими ду кишвар ҳафтаҳои охир идома доранд.

Мақоми эронӣ ҳамчунин гуфтааст, ки эҳтимоли тавофуқи Эрон ва Уммон дар бораи масирҳои транзитӣ аз тариқи гулугоҳ ба мавқеи Теҳрон дар масъалаи бастан ё боз кардани ин роҳи муҳими обӣ таъсир нахоҳад расонд.

Ризоӣ таъкид кардааст, ки талаботи Эрон танҳо ба қатъи ҷанг ва муҳосира маҳдуд намешавад. Теҳрон ҳамчунин хостори озод шудани дороиҳои масдудшудаи худ ва ба даст омадани як созишномаи минтақаӣ барои оташбас, аз ҷумла дар Лубнон ва навори Ғазза, мебошад.

Гулугоҳи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин роҳҳои интиқоли нафт ва газ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Маҳдуд шудани ҳаракати киштиҳо дар ин минтақа аллакай боиси афзоиши нигарониҳо дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ ва боло рафтани нархи баъзе маводи ғизоӣ ва нуриҳо шудааст.

Ба навиштаи Press TV, ИМА тавассути миёнаравон барои барқарор шудани ҳаракати киштиҳо талош дорад.

Тибқи иттилои нашршуда, моҳи июн Эрон ва ИМА як ёддошти тафоҳумро имзо карда буданд, ки бар асоси он имкони идоракунии ҳаракати киштиҳо аз ҷониби Эрон ва тадриҷан ба сатҳи муқаррарӣ баргардондани транзит пешбинӣ мешуд. Аз сӯйи дигар, масъалаи лағви таҳримҳо ва муҳосираи дарёӣ аз сӯйи ИМА низ дар байн буд.

Аммо баъдан Теҳрон Вашингтонро ба нақзи шартҳои созиш муттаҳам намуда, маҳдудияти ҳаракати киштиҳоро дубора ҷорӣ кард.

Дар мулоқот бо сафири Чин, Ризоӣ аз мавқеи Пекин дар масъалаи Эрон истиқбол кардааст. Ӯ муносибатҳои Эрону Чинро стратегӣ арзёбӣ намуда, гуфтааст, узвияти ду кишвар дар Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба имконоти бештар фароҳам меорад.

Сафири Чин низ мавқеи Пекинро дар муқобили амалиёти низомии ИМА ва Исроил ба зидди Эрон таъкид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин барои барқарории сулҳ ва субот дар Ховари Миёна ташаббуси чормоддаиро пешниҳод кардааст.