Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX-ро расман муаррифӣ кард. Ба гуфтаи масъулони ширкат, ин ҳавопаймо имкони роҳандозии парвозҳои мустақими дурпарвоз ва густариши шабакаи хатсайрҳои байналмилалии ширкатро фароҳам меорад.
Маросими муаррифии ҳавопаймои нав дар Душанбе имрӯз, 3 август, бо ҳузури роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ, намояндагони ширкати “Сомон Эйр”, мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, шарикони байналмилалӣ ва намояндагони ширкати Boeing баргузор шуд.


Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҳавопаймои нав нисбат ба ҳавопаймоҳои Boeing 737-800, ки ҳоло дар ихтиёри ширкат қарор доранд, имконоти бештари техникӣ дорад. Агар навъи пешина то 6-7 соат бидуни таваққуф парвоз карда тавонад, Boeing 737-8 MAX қодир аст, ки парвозҳои муттасили 8-9-соатаро анҷом диҳад. Ин имкон медиҳад, ки ширкат ба самтҳои дуртар парвозҳои мустақим роҳандозӣ кунад ва вақти сафар барои мусофирон коҳиш ёбад.
Дар нақша аст, ки ҳавопаймои нав нахуст дар хатсайрҳои Душанбе – Сеул, Душанбе – Пекин, Душанбе – Минск ва Душанбе – Лондон парвоз кунад. Ҳамчунин, масъалаи ифтитоҳи дигар самтҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ба гуфтаи масъулони ширкат, то охири моҳи августи соли ҷорӣ боз як ҳавопаймои дигари Boeing 737-8 MAX ба парки “Сомон Эйр” ҳамроҳ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон ва сиёсати “Осмони кушод” сурат гирифта, ба рушди ҳамлу нақли ҳавоӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи масъулони Агентии авиатсияи гражданӣ, густариши парки ҳавопаймоии ширкат метавонад рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ, шумораи мусофирон, рушди гардишгарӣ ва робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистонро тақвият бахшад.
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба ифтихори донишманди маъруфи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX рӯзи 27 июл ба Тоҷикистон оварда шуд.




