Дабири кулли СММ: Вазъ дар Ховари Миёна ба марзи як фоҷиаи тасаввурнопазир расидааст

Shared to Facebook

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳушдор дод, ки вазъ дар Ховари Миёна шиддат гирифта, минтақа тадриҷан ба як низои фарогир кашида мешавад.

Ӯ ин нуктаро зимни баҳсҳои кушоди Шӯрои Амнияти СММ, ки ба роҳҳои ҳалли сулҳомези низоъ дар Ховари Миёна бахшида шуда буд, таъкид кард:

“Вазъ аз назорат берун шуда ва ба марзи як фоҷиаи тасаввурнопазир расидааст. Минтақа ҳарчи бештар ба гирдоби рӯёрӯиҳои нав кашида мешавад. Як буҳрон буҳрони дигарро ба вуҷуд меорад ва ҳар шиддатгирӣ шиддати навбатиро ба дунбол дорад”, – гуфт Гутерриш.

Дабири кулли СММ ҳамчунин таъкид кард, ки вақти “як қадам ба қафо гузоштан” фаро расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи ҳалли низои кунунӣ ҳарбӣ нест ва танҳо тавассути муколама ва роҳҳои сиёсӣ метавон ба сулҳу субот ноил шуд.

Таниш дар Ховари Миёна аз охири моҳи феврал ба ин сӯ, дар пайи ҳамлаҳои беасоси  Амрикову Исроил ба Эрон идома дорад. Дар моҳи июн Вашингтон ва Теҳрон ёддошти тафоҳумеро имзо карданд, ки бар асоси он мебоист амалиёти ҷангӣ дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар Лубнон, фавран қатъ мешуд.

Аммо Амрико ин ёддоштро нақз карда, шаби 8 июл ҳамлаҳоро ба Эрон аз сар гирифт.