Пентагон хароҷоти ҷанг бо Эронро 37,5 миллиард доллар ҳисоб кард

Shared to Facebook

Ба гуфтаи вазири ҷанги Амрико Пит Ҳегсет, хароҷоти ҷанги Амрико алайҳи Эрон то охири соли молиявии ҷорӣ ба 37,5 миллиард доллар мерасад. Вай зимни муҳокимаҳо дар Конгресси ИМА гуфтааст, ин маблағ ҳам хароҷоти аллакай анҷомшуда ва ҳам маблағҳои пешбинишуда то 30 сентябрро дар бар мегирад.

Ба навиштаи Reuters, маълум нест, ки Пентагон ин ҳисобҳоро бар чӣ асос анҷом додааст. Қаблан, моҳи март, маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп арзёбӣ карда буд, ки танҳо шаш рӯзи аввали ҷанг ҳадди ақал 11,3 миллиард доллар хароҷот доштааст.

Моҳи июн маъмурияти Доналд Трамп аз Конгресс дархост кард, ки барои хароҷоти иловагӣ наздик ба 90 миллиард доллар ҷудо кунад. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, қисми зиёди ин маблағ барои идомаи ҷанг алайҳи Эрон пешбинӣ шудааст.

Ҳегсет ҳушдор додааст, ки дар сурати тасдиқ нашудани маблағгузории иловагӣ, Пентагон маҷбур мешавад барномаҳои омӯзиши ҳарбиёнро коҳиш диҳад. Ӯ аз Конгресс хостааст, ки буҷети Вазорати ҷанг барои соли 2027-ро тасдиқ намояд. Пентагон соли тақрибан 1,5 триллион доллар дархост кардааст.

Дархости нави Вазорати ҷанг бо интиқоди намояндагони Ҳизби демократ рӯбарӯ шуд. Дастгирии демократҳо барои қабули қонунҳои марбут ба маблағгузорӣ дар Конгресс муҳим арзёбӣ мешавад.

Сенатор Пэтти Мюррей гуфтааст, президенти Амрико бо чунин сиёсат “ба авҷ гирифтани низоъ ва оғози як ҷанги дигари беохир таҳдид мекунад”.