Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,4 дарсад камтар аст. Дар айни замон, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, одамкушӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон афзудааст.
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ба гуфтаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо 71 дарсадро ташкил медиҳад.
Вазир дар нишасти матбуотии рӯзи 21 июл гуфт, сарфи назар аз коҳиши умумии ҷинояткорӣ, шумораи баъзе аз ҷиноятҳои вазнин зиёд шудааст:
“Аз ҷумла, дар нимсолаи аввал 41 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба одамкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба 28 ҳолати соли гузашта бештар аст. Ҳамчунин, ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз 486 то 502 ҳолат афзоиш ёфтаанд”, – маълумот дода шуд дар нишаст.
Дар ҳамин ҳол, шумораи қаллобӣ аз 2 356 то 2 002 ҳолат, дуздӣ аз 2 182 то 1 814 ҳолат, ғоратгарӣ аз 57 то 46 ҳолат, таҷовуз ба номус аз 24 то 13 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз 64 то 53 ҳолат ва авбошӣ аз 762 то 743 ҳолат коҳиш ёфтаанд.
Аммо он чӣ ки нигарон мекунад, ба таъкиди масъулони ВКД, афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон аст:
“Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 405 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҳолат бештар аст. Шумораи ҷиноятҳои содиркардаи ҷавонон низ афзоиш ёфта, аз 1574 то 1659 ҳолат расидааст”, – гуфта шуд дар нишаст.




