
Вазири адлияи Тоҷикистон
То имрӯз дар доираи татбиқи Қонун “Дар бораи афв” 8 ҳазору 8 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озодӣ баромадаанд. Дар ин бора вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён рӯзи 21 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи қонуни афв идома дошта, ба бахши ҷавонону ноболиғон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Гуфта мешавад, то имрӯз 136 маҳкумшудаи ноболиғ озод шуда, ҳоло дар муассисаи тарбиявии ноболиғон ҳамагӣ 32 нафар боқӣ мондаанд.
Вазири адлия ҳамчунин ба масъалаи нигоҳубини занони маҳкумшуда ва кӯдакони ширхори онҳо дахл кард. Ба гуфтаи ӯ, заноне, ки тибқи қонун метавонанд фарзандони то сесолаашонро дар муассисаи ислоҳӣ ҳамроҳи худ нигоҳ доранд, аз ҷониби давлат бо тамоми маводи зарурӣ, аз ҷумла хӯрок ва шир пурра таъмин карда мешаванд.
Музаффар Ашуриён афзуд, дар сурати хоҳиши модарон, кӯдакон метавонанд ба парастории наздиконашон супурда шаванд. Дар акси ҳол, барои таъмини онҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ мушкили норасоии ғизо вуҷуд надорад.
Қонун “Дар бораи афв” рӯзи 16 июн аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, баъдан дар нашрияи расмии “Садои мардум” нашр шуд.
Тибқи ин қонун, дар муҳлати ду моҳ нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда афв татбиқ мешавад. Қисме аз онҳо аз адои ҷазо пурра озод гардида, барои гурӯҳи дигар муҳлати ҷазо кам карда мешавад.
Пештар Президент ба мақомоти масъул дастур доданд, ки қонуни афв шаффоф ва бе омилҳои коррупсионӣ татбиқ шавад. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ эълон кард, ки ҷараёни татбиқи қонунро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.




