Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки Вашингтон муҳосираи баҳрии Эронро дубора ҷорӣ мекунад. Ӯ бе овардани далел Теҳронро ба нақзи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда бо ИМА айбдор кард.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз боз хоҳад монд, аммо маҳдудиятҳо танҳо нисбат ба киштиҳои эронӣ ва ширкатҳое татбиқ мешаванд, ки бо Эрон тиҷорат мекунанд:
“Гулӯгоҳи Ҳурмуз боз аст ва бо Эрон ё бе Эрон боз хоҳад монд. Мо муҳосираи Эронро дубора ҷорӣ мекунем. Он танҳо ба киштиҳои эронӣ ва онҳое дахл дорад, ки бо Эрон тиҷорат мекунанд. Дигар кишварҳо метавонанд озодона аз ин масир истифода баранд”, — навишт ӯ.
Трамп ҳамчунин гуфт, ки минбаъд ИМА худро “Нигаҳбони гулӯгоҳи Ҳурмуз” меномад ва барои таъмини амнияти киштиронӣ дар ин масири муҳими байналмилалӣ аз тамоми борҳое, ки аз ин гулӯгоҳ мегузаранд, 20 дарсади арзиши онҳоро ҳамчун ҷуброни хароҷот мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ барои пӯшонидани хароҷоти таъмини амният дар яке аз нооромтарин минтақаҳои ҷаҳон истифода мешавад ва татбиқи чунин механизм фавран оғоз мегардад.
Аммо Трамп шарҳ надод, ки ин тартиб дар амал чӣ гуна иҷро хоҳад шуд. Баъдтар Фармондеҳии марказии артиши ИМА (CENTCOM) хабар дод, ки муҳосира аз рӯзи сешанбе дубора мавриди амал қарор мегирад.
Трамп дар мусоҳиба бо Fox News ҳамчунин изҳор доштааст, ки шаби гузашта неруҳои амрикоӣ ба ҳадафҳои низомии Эрон “зарбаи бисёр сахт” заданд. Ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди техникаи ҳарбии Эрон нобуд ва низоми дифои ҳавоии ин кишвар аз кор бароварда шудааст.
“Онҳо дар ихтиёри мо ҳастанд. Онҳо ақибнишинӣ мекунанд. Қисми зиёди техникаи низомиашон нобуд шудааст. Системаҳои дифои ҳавоии онҳо дигар фаъол нестанд”, — гуфт президенти Амрико.
Трамп ҳамчунин иддао кард, ки як рӯз пеш намояндагони Эрон бо ҳайати амрикоӣ 11 соат музокира анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми мулоқот ҳайати эронӣ толори музокиротро тарк карда, баъдан дубора тамос гирифтааст ва хостааст ба тавофуқ “якчанд тағйирот” ворид шавад.
“Бо онҳо ҳама чиз ҳамеша 11 соат давом мекунад, дар ҳоле ки бояд як дақиқа вақт гирад. Онҳо музокиракунандагони касбӣ ҳастанд, аммо аз ман чизе ба даст наоварданд”, — гуфт ӯ.
Ситоди фармондеҳии неруҳои мусаллаҳи Эрон “Хотам-ул-анбиё” дар посух ба иддаои Трамп гуфт, Амрико ҳаргиз наметавонад идораи гулӯгоҳи Ҳурмузро ба даст гирад. Дар изҳороте, ки хабаргузории Tasnim нашр кард, гуфта шудааст, ки амалҳои чандинкаратаи Амрико дар минтақа амнияти онро ҷиддан халалдор кардааст.
“Мо ҳаргиз иҷоза надодаем ва нахоҳем дод, ки Иёлоти Муттаҳида ин роҳи ҳаётан муҳими обиро таҳти назорат гирад”, — омадааст дар изҳорот.
Низомиёни Эрон ҳамчунин гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна иқдомоти “иғвогаронаи артиши ИМА” тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Теҳрон ҳамзамон ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамкорӣ бо ИМА дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳамчун “амали ҷангӣ” алайҳи соҳибихтиёрии Эрон арзёбӣ мешавад.
Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки агар низоъ густариш ёбад, “оташи ҷанг тамоми кишварҳои минтақа”-ро фаро хоҳад гирифт.
Ба ин тартиб, мақомоти Эрон бори дигар таъкид кардаанд, ки ҳама гуна иддаои ИМА дар бораи назорати гулӯгоҳи Ҳурмузро рад мекунанд ва таъмини амнияти ин масири стратегии баҳриро танҳо масъулияти соҳибихтиёрии худ медонанд.
Тибқи маълумоти сомонаи MarineTraffic, ки ҳаракати киштиҳоро пайгирӣ мекунад, дар чанд рӯзи охир танҳо шумораи ками киштиҳо тавонистаанд аз гулӯгоҳи Ҳурмуз убур кунанд.




