Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7 июл, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад.
Боздиди кории Президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардида, нахуст Корхонаи металлургии сурма дар назди ҶПС “Талко Голд” ба истифода дода шуд.
Ба иттилоъи масъулин, корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти истеҳсолӣ барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.
Гуфта мешавад, ҶСП “TALCO Gold” бо мақсади азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч таъсис дода шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир ва низомҳои рақамии идоракунии истеҳсолот фаъолият менамояд. Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил дода, он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.
Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Масъулини зимни шиносоӣ бо имконоти истеҳсолии корхона гуфтаанд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа технологияҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, дар фаъолияти корхона ба риояи талаботи экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид кардаанд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон тавассути бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалӣ мегардад.
Гуфта шудааст, ки баробари ба истифода дода шудани корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Сарвари давлат зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони корхона таваҷҷуҳи онҳоро ба масоили экологӣ махсус ҷалб намуда, таъкид доштаанд, ки ба табиати зебои муҳит муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона дошта бошанд.
Дар ҳамин ҷо Президент барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштаанд. Иттилоъ дода шудааст, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.
Сарвари давлат ҳамчунин дастур додаанд, ки масофаи 32 км аз шоҳроҳ то корхонаи сурмаи “Талко голд” ва мавзеи сайёҳии Искандаркӯл то моҳи сентябри соли 2027 пурра мумфарш карда шавад.





