КҲФ: Ҷасади Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар ҳудуди ноҳияи Ш. Шоҳин ёфт шуд

Shared to Facebook

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро аз об берун бароварданд:

“Ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишт аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд”, — хабар дод сардори Шуъбаи кор бо ҷомеаи КҲФ Ориф Нозимиён.

Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кардааст, ки он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

КҲФ мегӯяд, бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои дахлдор тамоми тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.