Ошкорсозии 334 кг гӯшти пастсифат дар ошхонаи “Шоми Хуҷанд”

Shared to Facebook Shared to Max

Дар ҷараёни санҷиши ошхонаи “Шоми Хуҷанд”, воқеъ дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе, 334 килограмм маҳсулоти гӯштие ошкор карда шудааст, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудааст.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт, санҷиш аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия гузаронида шуд.

Дар натиҷаи санҷиш нисбат ба соҳиби муассиса Хуршед Ёрматов тибқи моддаи 274 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Маҳсулоти мусодирашуда барои истеъмол номувофиқ дониста ва тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шудааст.

Мақомот мегӯянд, чунин рейдҳо бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯроки умумӣ гузаронида мешаванд.

Дар робита ба ин бори дигар ба соҳибони қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ зарурати риояи меъёрҳои санитарӣ ва талаботи қонунгузорӣ ҳангоми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ёдрас карда мешавад.