Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбекистон

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кардааст.

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, зимни мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи иҷрои тавофуқҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ кардаанд:

“Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот ва боркашонӣ, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноату энергетика,  бахшҳои электротехника, нассоҷӣ ва кишоварзӣ таваҷуҳи хосса зоҳир шуд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, аҳамияти рушди робитаҳои байниминтақавӣ, ҳамкории наздимарзӣ ва табодули фарҳангиву гуманитарӣ таъкид шудааст.

_____