Трамп аз тавофуқ бо Эрон барои поён додани ҷанг хабар дод

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти ИМА Доналд Трамп шаби сипаришуда дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки Вашингтон ва Теҳрон дар мавриди хатми ҷанг ба тавофуқ расидаанд ва акнун танҳо имзои созишномаи ниҳоӣ боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, санадҳои марбут ба ин созиш дар марҳилаи ниҳоии омодасозӣ қарор доранд ва эҳтимол аст дар рӯзҳои истироҳати наздик дар яке аз кишварҳои Аврупо ба имзо расанд:

“Мо ба зудӣ созишномаро имзо мекунем. Ҳуҷҷатҳо дар марҳилаи ниҳоии таҳия қарор доранд. Гулӯгоҳи Ҳурмуз расман боз хоҳад шуд, ҳамин ки санадҳоро имзо кунем. Ин метавонад ба зудӣ, хеле зуд рух диҳад. Шояд охири ҳафта дар Аврупо. Ман дар он ҷо ҳузур нахоҳам дошт, аммо ноиби президент Ҷей Ди Вэнс ширкат хоҳад кард”, – гуфт Трамп.

Вай ҳамчунин гуфт, ки эщтимолан раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ шартҳои созиши ояндаро бо Вашингтон пазируфтааст.

Дар посух ба суоли рӯзноманигорон ӯ гуфт: “То ҷое мефаҳмам, ҷавоб ба ин савол мусбат аст”.

Трамп ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки Эрон “дар ҳеҷ шароит силоҳи ҳастаӣ нахоҳад сохт ва ё ба даст нахоҳад овард”.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз имзои созишнома Иёлоти Муттаҳида муҳосираи бандарҳои Эронро низ бекор хоҳад кард.

Қаблтар аз ин нашрияи Axios бо истинод ба се манбаи огоҳ хабар дода буд, ки намояндагони Қатар ва Эрон тавонистаанд ихтилофҳои асосиро дар музокироти сулҳ байни Вашингтон ва Теҳрон коҳиш диҳанд.

Тибқи ин гузориш, ҷонибҳо дар масъалаҳои озодсозии дороиҳои мунҷамидшудаи Эрон, бозкушоии Гулӯгоҳи Ҳурмуз дар давраи оташбаси 60-рӯза ва инчунин тартиби музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ба пешрафти назаррас ноил шудаанд.

Дар пасманзари ин таҳаввулот, Трамп аз лағви ҳамлаҳое хабар дод, ки қарор буд шаби сипаришуда алайҳи қаламрави Эрон анҷом шаванд:

“Бо дарназардошти он ки муҳокимаҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сатҳи олии роҳбарияти ин кишвар расонида шуданд ва аз ҷониби онҳо тасдиқ гардиданд, ман қарор додам ҳамлаҳо ва бомбаборонҳои барои ҳамин шом банақшагирифташударо бекор кунам”, – навишт Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social.

Ба гуфтаи ӯ, “муҳокимаҳо ва бандҳои ниҳоии созиш ҳам аз лиҳози консепсия ва ҳам аз ҷиҳати ҷузъиёт” аз ҷониби ҳамаи ҷонибҳои дахлдор пазируфта шудаанд.

Трамп таъкид кард, ки дар миёни ҷонибҳои мувофиқашуда Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва як қатор шарикони минтақавии онҳо низ ҳастанд.

Пештар, рӯзи 11 июн, президенти ИМА ваъда дода буд, ки шоми ҳамон рӯз ба Эрон зарбаҳои “бисёр шадид” хоҳад зад. Вай гуфта буд, Вашингтон ният дорад шабона ба ҳудуди Ҷумҳурии Исломӣ зарба занад, ҷазираи Харки Эронро тасарруф кунад ва бозорҳои нафту гази ин кишварро ба монанди Венесуэла таҳти назорат бигирад.