Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбос, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи мамлакатҳоро барои густариши минбаъдаи муколамаи сиёсиву ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд:
“Ҳамсуҳбатон аснои баррасии муносибатҳои дуҷониба ба таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкории байнипарлумонӣ, рушди захираҳои инсонӣ, инчунин роҳандозии робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб диққати махсус зоҳир намуданд”.
Ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро, ки Кипр кишвари раискунандаи Шурои Иттиҳоди Аврупо мебошад, баланд арзёбӣ намудаанд. Вазирони корҳои хориҷӣ ба ҷанбаҳои калидӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мол, рушди иқтисоди сабз, ба вежа дар соҳаи энергетика ва ҳамкориҳо дар таҳкими сарҳад таваҷҷуҳ кардаанд.
Пас аз анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ёддошти тафоҳум дар соҳаи маорифро имзо кардаанд.







