Эрон: То эълони натиҷаҳои расмӣ ба хабарҳо дар бораи музокирот бовар накунед

Shared to Facebook Shared to Max

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ аз мардум ва расонаҳо даъват кард, ки то эълони натиҷаҳои ниҳоӣ ба хабарҳои марбут ба музокироти Эрон ва ИМА эътимод накунанд.

Ба гуфтаи ӯ, музокирот ва табодули паёмҳо байни ҷонибҳо ҳанӯз идома дорад ва то замоне ки натиҷаи мушаххас ба даст наояд, хулосабарорӣ барвақт хоҳад буд:

“Ҳамаи он чизе ки ҳоло гуфта мешавад, танҳо тахмин аст. То замоне ки маълумот ба таври расмӣ ва ниҳоӣ тасдиқ нашавад, набояд ба он аҳамияти зиёд дод”, – гуфтааст Ароқчӣ дар суҳбат бо шабакаи давлатии радио ва телевизиони Эрон.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Tasnim бо истинод ба як манбаъ иттилоъ дод, ки агар президенти ИМА Доналд Трамп барои ворид намудани тағйир дар матни созишномаи пешниҳодшуда кушиш кунад, Эрон низ тағйироту пешниҳодҳои худро ворид хоҳад кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ворид кардани тағйирот аз ҷониби Вашингтон маънои онро надорад, ки Теҳрон онҳоро ба таври худкор қабул мекунад. Ӯ таъкид кардааст, ки Эрон ба ҳар гуна тағйирот вокуниш нишон хоҳад дод.

Ҳамчунин манбаъ гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ ба эҳтимоли имзо нашудани созишнома низ пурра омода аст.

Қабл аз ин рӯзномаи The New York Times хабар дода буд, ки президенти ИМА Доналд Трамп барои созишномаи эҳтимолӣ бо Эрон шартҳои сахттар пешниҳод кардааст. Ба навиштаи нашрия, ин шартҳои нав аллакай ба ҷониби Эрон фиристода шудаанд.