Дар чор моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 284,3 миллион доллар расидааст. Дар ин бора “Азия+” бо такя ба маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025 ин нишондиҳанда ба андозаи 95,6 миллион доллар ё тақрибан 50,7 дарсад зиёд аст. Дар моҳҳои январ-апрели соли гузашта ҳаҷми савдо байни ду кишвар 188,7 миллион долларро ташкил медод.
Дар умум, ҳаҷми савдои хориҷии Ӯзбекистон 26,3 миллиард доллар ҳисоб шуда, саҳми Тоҷикистон дар он тақрибан 1,1 дарсадро ташкил медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, пас аз коҳише, ки соли 2025 ба қайд гирифта шуд, суръати рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар дубора афзоиш ёфтааст.
Моҳи марти соли 2026, зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ҷонибҳо аз нияти худ барои расонидани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ба 2 миллиард доллар хабар дода буданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон, ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар супориш дода шуд, ки барои расидан ба ин ҳадаф дар доираи як барномаи алоҳида тадбирҳои амалӣ андешанд.
Қисми асосии содироти Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти металлӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва техникаи маишӣ ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан маъдан ва консентратҳои руҳ ва мис, нерӯи барқ, ангишт, профилҳои алюминӣ, нахи пахта ва баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзиро содир мекунад.




