СММ: 5 cоли оянда гармӣ дар Замин рекордӣ хоҳад буд

Shared to Facebook Shared to Max

Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷии СММ (WMO) дар ҳамкорӣ бо Идораи ҳавошиносии Британияи Кабир гузориши нав нашр кард, ки тибқи он дар панҷ соли оянда ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҷаҳон дар сатҳи рекордӣ боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо рекордҳои нав ба қайд гирифта мешаванд.

Бино ба пешгӯии коршиносон, ҳарорати миёнаи солона дар солҳои 2026-2030 нисбат ба сатҳи миёнаи солҳои 1850-1900 аз 1,3 то 1,9 дараҷа гармтар хоҳад буд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, эҳтимоли 86 дарсад вуҷуд дорад, ки ҳадди ақал як сол дар давраи солҳои 2026-2030 аз соли 2024 ҳам гармтар шуда, гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои обу ҳаво гардад.

Ҳамчунин, бо эҳтимоли 91 дарсад дар яке аз солҳои байни 2026 ва 2030 ҳарорати миёнаи ҷаҳон муваққатан аз ҳадди 1,5 дараҷа боло нисбат ба сатҳи пеш аз саноатӣ (солҳои 1850-1900) мегузарад. Ин нишондод аллакай соли 2024 сабт шуда буд, вақте ҳарорати миёнаи ҷаҳон тақрибан 1,55 дараҷа аз сатҳи пеш аз саноатӣ баландтар гардид.