Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 25 июн марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Русия оғоз гардид.
Дар маҷмӯъ, то 14-уми июл ҳашт парвози ғайринақшавӣ сурат мегирад.
Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, парвозҳо тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг шудаанд, роҳандозӣ мегардад:
25 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
26 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
30 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
1 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
6 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатиринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”
13 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
14 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.
“Дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад”,- таъкид шудааст дар иттилоияи Вазорат.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандон хоҳад буд:
“Пас аз омода гардидани рӯйхатҳо шаҳрвандон оид ба харидорӣ намудани билетҳо хабардор карда мешаванд”, — иттилоъ дода буд ВКХ.
Дар ҳамин ҳол, хабар дода мешавад, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19, масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.