Мулоқоти Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

29 май муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Нико Схермерс мулоқот намуд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор намуданд.

➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон