Душанбе – Москва: ҳаракати қатора барқарор мегардад

Shared to Facebook Shared to Max

Хатсайри мустақими қатораи Душанбе – Москва моҳи июни соли равон пас аз шаш соли танаффус барқарор карда мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти «Роҳҳои оҳани Русия» (РЖД).

Ба иттилои ширкат, барқарорсозии ин хатсайр бо дархости ҷониби Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Қазоқистон ва Узбекистон амалӣ шудааст.

Қатораи №423/424-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ду ҳафта як маротиба ҳаракат мекунад. Вақти сафар тақрибан чор шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Аз Душанбе қатора рӯзҳои якшанбе, шуруъ аз 21 июн соати 03:25 ба вақти маҳаллӣ ҳаракат карда, ба истгоҳи Павелетскии шаҳри Москва рӯзҳои чоршанбе соати 22:08 мерасад.

Аз Москва бошад, қатора рӯзҳои панҷшанбе, аз 25 июн соати 06:05 ҳаракат карда, ба Душанбе рӯзҳои душанбе соати 02:48 ба вақти маҳаллӣ мерасад.

Хатсайр аз қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия мегузарад. Дар роҳ истгоҳҳо дар шаҳрҳои Бухоро, Нукус, Кунград, Кандыагаш, Актобе, Илетск, Оренбург, Самара, Сизран, Пенза, Ряжск ва дигар маҳалҳо пешбинӣ шудаанд.

Чиптаҳо барои сафар аз Душанбе аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд, фурӯши чиптаҳо аз Москва дар ояндаи наздик оғоз мегардад.

РОР (РЖД) ёдовар шудааст, ки хатсайри мустақими қатораи мусофирбар байни Душанбе ва Москва дар моҳи марти соли 2020 бинобар пандемияи COVID-19 қатъ гардида буд.

Айни ҳол миёни Русия ва Тоҷикистон қатораҳо аз рӯйи хатсайрҳои Кӯлоб – Волжский, Душанбе – Волжский ва Хуҷанд – Волжский фаъолият доранд.