29 май дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоишномаи «Исён» дар таҳияи коргардон Умед Хусравов пешкаши дӯстдорони театр гардид, хабар додааст хадамоти матбуоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар тамошои намоишнома Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуд.
Намоишнома бо мазмуну муҳтавои баланди тарбиявию ахлоқӣ, саҳнасозии касбӣ ва ҳунари волои ҳунармандон таваҷҷуҳи бинандагонро ҷалб намуда, паёмҳои муҳимми ахлоқиву иҷтимоиро ба таври таъсирбахш инъикос намуд.
Дар анҷоми намоиш Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба роҳбарият ва ҳайати эҷодии театр барои рӯи саҳна овардани ин намоишнома бахшида ба 1050-солагии Робияи Балхӣ ва дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
➡️Акс:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ
























