27 майи соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мудири Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкориҳои Ҷануб–Ҷануб Дима Ал-Хатибро, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро баррасӣ намуданд.




