Дар Хуҷанд масъалаи омодагӣ ба Намоишгоҳи «Суғд-2026» баррасӣ гардид

Shared to Facebook Shared to Max

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 18–19 июни соли 2026 Намоишгоҳи XII-уми байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» баргузор мегардад. Имсол масъулони чорабинии мазкур шакли баргузории чорабинӣ, ҳам барномаи корӣ ва ҳам тарҳи майдонҳои намоишгоҳро пурра навсозӣ намудаанд, хабар медиҳад хабарнигори «ИмрӯзNews» Мавзуна Ниёзова.

Масъалаи омодагӣ ба намоишгоҳ зимни мулоқоти сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов бо журналистон, ки 29 майи соли 2026 баргузор шуд, муҳокима гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки аллакай иштироки беш аз 200 ширкат ва корхонаҳои саноатии вилоят дар намоишгоҳ тасдиқ гардидааст. Инчунин дар назар аст, ки дар намоишгоҳ сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорон ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои гуногун ширкат варзанд.

Таъкид гардид, ки дар баробари форуми тиҷоратӣ ба муаррифии фарҳанг ва имкониятҳои минтақа низ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Майдонҳои намоишгоҳ бо истифода аз нақшҳои миллии тоҷикӣ ва тарҳҳои муосир оро дода шуда, меҳмонон бо анъанаҳо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иқтидори саноатии Суғд шинос хоҳанд шуд.

Оғози чорабиниҳо 17 июн пешбинӣ шудааст, дар ин рӯз иштирокчиён аз корхонаҳои саноатии вилоят боздид менамоянд. Барномаи асосӣ 18 июн дар Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо форуми байналмилалӣ оғоз мегардад, ки дар он масъалаҳои имкониятҳои сармоягузорӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори шаҳри Хуҷанд баррасӣ мегарданд.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Дар доираи он музокироти тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва сармоягузорон, муаррифии ширкатҳо, инчунин имзои созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум дар назар аст.

Дар рӯзи дуюми намоишгоҳ масъалаҳои рақамикунонӣ, саноатикунонӣ ва рушди агрологистика дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорони нав ба вилояти Суғд мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони ВАО иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таҳкими инфрасохтори сармоягузорӣ ва агрологистикии минтақа дар Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд сохтмони маркази муосири агрологистикӣ идома дорад, ки барои қабули то 2 ҳазор тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.

➡️ хабарнигори /ИмрӯзNews/ Мавзуна Ниёзова