Мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони СММ, Эрон ва Баҳрайн

Shared to Facebook Shared to Max

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа, Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ ва Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдон мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо Ли Ҷунҳуа масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирии офатҳои табиӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои байналмилалии минбаъда баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо инчунин ба фаъолияти Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Гурӯҳи дӯстони об ва дар Ню-Йорк таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот бо Аббос Алиободӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдан, дорусозӣ ва нассоҷӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар вохӯрӣ бо Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдон ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, зерсохтор ва масъалаҳои вобаста ба обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.