Дар доираи омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паём ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар паём аҳамияти об ҳамчун манбаи ҳаёт, рушди устувор, амнияти озуқаворӣ ва шукуфоии иқтисодӣ таъкид гардида, зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо зикр шуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мешавад, иштирок намоянд.
Акс:Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




