Тоҷикистон дар қатори 3 кишвари пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо

Shared to Facebook Shared to Max

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд — Organisation for Economic Co-operation and Development Тоҷикистонро ба қатори 3 кишвари пешсафи ислоҳотгар дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022-2024 шомил намуд, хабар додааст Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи арзёбии OECD, ин натиҷа ба шарофати тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати беҳтар намудани муҳити савдо, густариши шаффофияти рақамӣ, коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат ва мутобиқат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба даст омадааст.

Аз ҷумла, OECD такмили Портали савдои Тоҷикистонро назаррас арзёбӣ намуда, онро барои содироткунандагон абзори муҳим номидааст.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар солҳои 2022-2024 коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат дар минтақа ба ҳисоби миёна 3,1 фоизро ташкил дода, нишондиҳандаи Тоҷикистон беш аз 12 фоиз баҳогузорӣ шудааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир гардиши савдои хориҷӣ бо 128 давлати дунё густариш ёфт. Ислоҳоти Тоҷикистон дар самти муҳити мусоиди савдо аз ҷониби ташкилотои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) баланд арзёбӣ гардидааст.

➡️Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон